Имсол Тоҷикистон 8 млн. $ қарз аз Ӯзбекистонро пардохт мекунад

Муовини вазири молияи ҷумҳурӣ Шавкат Соҳибов ба журналистон иттилоъ дод, ки ҳаҷми умумии қарзи берунаи Тоҷикистон ба аввали соли равон 2,1 млрд. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 22,5% баробар аст. Ба гуфтаи ӯ, ҳаҷми умумии қарзи хориҷии кишвар дар муқоиса бо аввали соли 2014 ба миқдори 106,3 млн. доллари […]

Пайрав Чоршанбиев



Муовини вазири молияи ҷумҳурӣ Шавкат Соҳибов ба журналистон иттилоъ дод, ки ҳаҷми умумии қарзи берунаи Тоҷикистон ба аввали соли равон 2,1 млрд. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 22,5% баробар аст.

Ба гуфтаи ӯ, ҳаҷми умумии қарзи хориҷии кишвар дар муқоиса бо аввали соли 2014 ба миқдори 106,3 млн. доллари ИМА камтар шудааст.

«Хизматгузорӣ ва пардохти қарзи хориҷии Тоҷикистон бо назардошти қарз аз Хазинаи байнулмилалии асъор (дар тавозуни Бонки миллии Тоҷикистон) ва қарзҳои таҳти кафолати ҳукумат дар соли гузашта ба маблаги 136,1 млн. доллари ИМА анҷом дода шуд. Аз ҷумла қарзи асосӣ дар ҳаҷми 104,5 млн. доллари ИМА ва ба маблағи 31,6 млн. доллари ИМА фоизҳо пардохта шуданд», – иброз дошт ӯ.

Соҳибов қайд кард, ки айни замон Тоҷикистон аз Чин – 911 млн., Бонки ҷаҳонӣ – 326 млн. ва Бонки осиёгии рушд – 277 млн. доллари ИМА қарздор аст. «Соли гузашта Тоҷикистон қарзҳояш ба Беларус (7 млн. $) ва Комиссияи Аврупо (5 млн. $)-ро пурра пардохт кард», – таъкид дошт муовини вазир.

Зимнан зикр гардид, ки соли равон пурра пардохт шудани қарзи кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон ба маблағи 8 млн. доллари ИМА дар назар аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.