Музди меҳнати ҳадди ақал 60% зиёд мешавад

Зимни ироаи паём ба парлумон президенти Тоҷикистон изҳор намуд, ки моҳи сентябри соли равон стипендияи донишҷуён ва дигар намудҳои стипендия 30 фоиз, инчунин музди меҳнати ҳадди ақал 60 фоиз зиёд гардида, андозаи он аз 250 сомонӣ то ба 400 сомонӣ баробар мегардад. Сарвари давлат зикр кард, ки музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, […]

ASIA-Plus



Зимни ироаи паём ба парлумон президенти Тоҷикистон изҳор намуд, ки моҳи сентябри соли равон стипендияи донишҷуён ва дигар намудҳои стипендия 30 фоиз, инчунин музди меҳнати ҳадди ақал 60 фоиз зиёд гардида, андозаи он аз 250 сомонӣ то ба 400 сомонӣ баробар мегардад.

Сарвари давлат зикр кард, ки музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 15 фоиз, кормандони муассисаҳои маориф, аз ҷумла муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ ва олӣ, дигар муассисаҳои соҳаи маориф, илм, фарҳанг, варзиш ва тандурустӣ 20 фоиз, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, аз ҷумла хона-интернатҳо барои пиронсолону маъюбон, шуъбаҳои кумаки иҷтимоӣ дар хона ва истироҳатгоҳу осоишгоҳҳо барои собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, меҳнат ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда 25 фоиз зиёд карда мешавад.

Зикр гардид, ки танҳо барои маблағгузории ин чорабиниҳо аз буҷети давлатӣ дар як сол 1 миллиарду 320 миллион сомонӣ равона мегардад. Инчунин ба мақсади таъмини уҳдадориҳои иҷтимоии давлат, аз ҷумла пардохти музди меҳнат, нафақа, ҷубронпулӣ ва кумакпулиҳо дар соли 2015 аз ҳисоби буҷети давлат зиёда аз 6 миллиард сомонӣ равона мегардад.

Эмомалӣ Раҳмон хотиррасон намуд, ки танҳо дар 5 соли охир музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, аз ҷумла илму маориф, тандурустиву фарҳанг, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро аз дуюним то се баробар зиёд намояд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.