Президент аз сиёсатмадорон даъват кард, ки ба умеди хоҷагони хориҷӣ нашаванд

Дар паёми худ ба парлумон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сохторҳои давлатиро вазифадор кард, ки баргузории интихоботи озоду шаффоф ва демократӣ ба палатаи поёнии парлумони кишвар (Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ)-ро таъмин намоянд. «Ин чорабинии сиёсӣ бояд дар доираи талаботи Конститутсияи ҶТ, қонунҳои амалкунанда, дар сатҳи баланди ташкилӣ ва маърифати ҳуқуқӣ, шаффофу озод, ба таври демократӣ […]

Аваз Юлдошев



Дар паёми худ ба парлумон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сохторҳои давлатиро вазифадор кард, ки баргузории интихоботи озоду шаффоф ва демократӣ ба палатаи поёнии парлумони кишвар (Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ)-ро таъмин намоянд.

«Ин чорабинии сиёсӣ бояд дар доираи талаботи Конститутсияи ҶТ, қонунҳои амалкунанда, дар сатҳи баланди ташкилӣ ва маърифати ҳуқуқӣ, шаффофу озод, ба таври демократӣ ва бо иштироки фаъолонаи интихобкунандагон доир гардад ва сохторҳое, ки ба баргузории ин чорабинӣ масъуланд, бояд ба ҳамаи ҳизбҳои сиёсии дар интихобот ширкаткунанда ва ба номзадҳои пешбаришуда шароити баробар муҳайё созанд», – иброз дошт сарвари давлат.

Ӯ зикр кард, ки интихоботи навбатӣ бояд ба омили муттаҳидкунандаи халқи Тоҷикистон, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати милливу сарҷамъии мардуми кишвар ва болоравии эътибору обрӯи давлат дар арсаи ҷаҳонӣ гардад.

Дар ҳамин ҳол, президент таъкид намуд, ки ҳамаи сиёсатмадорони Тоҷикистон бояд масъулияти худ ба ояндаи кишвар ва сулҳу субот дар ҷомеаро дарк кунанд.

Дар паёми худ сарвари давлат ба сохторҳои дахлдор дастур дод, ки агар дар қонунгузории интихоботии кишвар «камбудиҳои ҷой дошта бошанд», онҳоро ислоҳу бартараф намоянд.

«Мо ҳамроҳ Тоҷикистонро аз вартаи ҷанги бародаркуш раҳо кардем ва ман аз ҳамаи нерӯҳои сиёсии кишвар давъат мекунам, ки ҳеҷ гоҳ ба мардуми худ, ватани худ хиёнат накунанд. Ман аз ҳамаи сиёсатмадорон даъват мекунам, ки ба эҳсосот дода нашудаву ба хоҷагони хориҷӣ умедвор нашаванд», – изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.