Президент аз волидайн таваҷҷуҳи бештар ба тарбияи фарзандонро дархост кард

Зимни ироаи паём ба парлумон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз падару модарон дархост намуд, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аз рӯзҳои аввали таваллуди онҳо бештар таваҷчуҳ зоҳир намоянд. «Дар вазъи ҳассос барои мардум, ман таваҷҷуҳи падару модаронро ба тарбияи насли наврас ҷалб месозам. Таъкид мекунам, ки онҳо ба ин масъала бояд бо тамоми масъулият рафтор […]

Меҳрангез Турсунзода



Зимни ироаи паём ба парлумон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз падару модарон дархост намуд, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аз рӯзҳои аввали таваллуди онҳо бештар таваҷчуҳ зоҳир намоянд.

«Дар вазъи ҳассос барои мардум, ман таваҷҷуҳи падару модаронро ба тарбияи насли наврас ҷалб месозам. Таъкид мекунам, ки онҳо ба ин масъала бояд бо тамоми масъулият рафтор намоянд. Ҷавононе, ки ба дигар кишварҳо барои таҳсил ё кор рафтаанд, бояд ҳамеша таҳти назари падару модаронашон бошанд. Онҳо ва дигар калонсолон бояд ҳамеша бо онҳо дар тамос бошанд, зеро мо мушоҳида мекунем, ки зимни муҳоҷират ё таҳсил дар кишварҳои хориҷӣ ҷавонон ба гурӯҳҳои тундгарои террористӣ ва ифротгаро шомил мегарданд. Имрӯз мо шоҳиди онем, ки як қисмате аз ҷавонони тоҷик дар Сурия меҷанганд», – гуфт сарвари давлат.

«Шумо дар наворҳои видеоӣ мебинед, ки он ҷо чӣ гуна вазъ аст. Падару модарон фарзандро ба дунё оварда, тарбия мекунанду ба воя мерасонанд ва сипас кор то ҷое мерасад, ки ин фарзанд ҳатто аз падару модари худ даст мекашад. Магар ин мусалмонист?», – таъкид кард президент.

Ёдрас мекунем, ки бино ба маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ, айни замон аз 200 то 300 нафар тоҷикистониён дар Сурияву Ироқ қарор дошта, 50 нафари онҳо дар ҷангҳо муқобили ҳукумати Башр Асад фавтидаанд.

Барои танзими ҷараёни муҳоҷират президент дастур дод, ки то ахири соли ҷорӣ лоиҳаи қонун «Дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ» таҳия ва ба ҳукумат пешниҳод карда шавад.

Ба гуфтаи сарвари давлат, соли 2014 дар Тоҷикистон 252 ҳазор ҷойҳои кории доимиву мавсимӣ ва муваққатӣ таъсис дода шуда, соли 2015 низ дар дохили кишвар на камтар аз 200 ҳазор ҷойҳои корӣ фароҳам оварда мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Таъсири низоъ дар Ховари Миёна ба иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ. Пешгӯии Бонки ҷаҳонӣ

Коршиносон бар ин назаранд, ки рушди иқтисодӣ дар минтақа то 4,9% поин меравад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Ғуломризо Баҳор то даргузашти Бобо Ҳоҷӣ ва Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ

Иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон аз кадом ҳисоб рушд мекунад?

Сарфи назар аз пешгӯиҳои мусбат, шарикони рушд интизорӣ доранд, ки иқтисоди Тоҷикистон бо як қатор хавфу чолишҳо дучор мешавад.