Соли 2015 дар Тоҷикистон Соли оила эълон шуд

Зимни суханронӣ дар маросими ироаи паём ба парлумон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки соли 2015 дар кишвар «Соли оила» эълон карда шавад. Президент таъкид дошт, ки соли 2014 аз 95 ҳазору 500 ақди никоҳи сабтшуда 9 ҳазори он бекор шудааст, ки нисбат ба соли 2013-ум 9,5 фоиз зиёд аст. Бо таваҷҷуҳ ба мушкилоти […]

Аваз Юлдошев



Зимни суханронӣ дар маросими ироаи паём ба парлумон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки соли 2015 дар кишвар «Соли оила» эълон карда шавад.

Президент таъкид дошт, ки соли 2014 аз 95 ҳазору 500 ақди никоҳи сабтшуда 9 ҳазори он бекор шудааст, ки нисбат ба соли 2013-ум 9,5 фоиз зиёд аст.

Бо таваҷҷуҳ ба мушкилоти никоҳҳои байни хешовандони наздик ва таваллуди кӯдакони маъюб дар ин олиаҳо, президент ба сохторҳои дахлдори ҳукумат дастур дод, ки масъалаи муоинаи ҳатмии пешакии тиббии издивоҷкунандагон ва пешгирӣ намудани никоҳи байни хешовандони наздикро якҷо бо мардум ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳаматарафа омӯхта, ба Ҳукумат таклиф пешниҳод намоянд.

Ба гуфтаи сарвари давлат, имрӯз дар қаламрави кишвар қариб 13 ҳазор нафар кӯдакону наврасони маъюби то 18-сола аз ҷониби давлат нигоҳубин карда мешаванд, ки бештари ин кӯдакон маъюби модарзод буда, аз никоҳи хешовандӣ, инчунин аз волидайни гирифтори нашъамандӣ ба дунё омадаанд.

«Ахири соли гузашта ман аз хона-интернат барои кӯдакони маъюби ноҳияи Варзоб боздид намуда, як писарчаи 10-солаи ҳарду пояш фалаҷшуда аз ман дархост намуд, ки ба ӯ гӯш диҳам ва ба ба гӯшам чунин гуфт: «Бобо, пойҳоям дард мекунанд, ёрӣ расон!». Ман то ҳол намедонам, ки чӣ гуна ба ӯ кумак расонида метавонам», – қайд кард сарвари давлат.

Президент ба Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ пешниҳод кард, ки дар синфҳои болоии мактабҳои таҳсилоти умумӣ курсҳои махсуси таълими маърифат ва одоби оиладорӣ ба роҳ монда шавад. «Баъзан омӯзгорони ҷудогона ба ман мегӯянд, ки ба кӯдакон ҳикоят кардани расму оин, асосҳову одоби оиладорӣ ва мушкилоти оила шармовар аст. Ман ба онҳо посух медиҳам, ки дар ин масъала шармро як сӯ гузоранд, то ки фардо дардовар нашавад», – таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.