Таассуфи Ш.Ҳакимов аз дахл накардани президент ба зуҳуроти маҳалгароӣ

Дар робита ба шарҳи паёми ироашудаи президент ба парлумон муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) Шокирҷон Ҳакимов изҳор намуд, ки аз нигоҳи мундариҷаву муҳтаво он аз паёмҳои пешин фарқ надошт. Ӯ таъкид кард, ки ин дафъа ҳам намояндагони ҲСДТ бо сабабҳои маълум ба ин чорабинӣ даъват карда нашуданд. «Ба фикри ман, мувофиқи мақсад мебуд, агар […]

Мавзуна Абдуллоева



Дар робита ба шарҳи паёми ироашудаи президент ба парлумон муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) Шокирҷон Ҳакимов изҳор намуд, ки аз нигоҳи мундариҷаву муҳтаво он аз паёмҳои пешин фарқ надошт.

Ӯ таъкид кард, ки ин дафъа ҳам намояндагони ҲСДТ бо сабабҳои маълум ба ин чорабинӣ даъват карда нашуданд.

«Ба фикри ман, мувофиқи мақсад мебуд, агар ба масоили муҳимияти интихоботи қарибулвуқӯъ, тадбирҳо ҷиҳати анҷоми сохтмони нерӯгоҳи Роғун ва беҳбуди муносибатҳо бо кишварҳои ҷудогонаи минтақа ва ниҳодҳои байнулмилалии молиявӣ ҳамчун шарти стратегии рушди устувор бояд бештар таваҷҷуҳ зоҳир мешуд», – мегӯяд Ҳакимов.

Муовини раиси ҲСДТ ҳамчунин қайд кард, ки ба андешаи ӯ, масъалаҳои  оқибатҳои манфии коррупсия, маҳалгароӣ, «хешутаборчигӣ» ва зуҳуроти дигари манфии ҷомеа, ки ба болоравии нуфузи кишвар дар арсаи байнулмилалӣ ва маҳсулнокии фаъолияти ҳукумат монеъа эҷод мекунанд, низ ба таври бояду шояд мавриди баррасӣ қарор нагирифтанд.

«Ман пешниҳод мекардам, ки минбаъд вақти ироаи паёми президент то 40 дақиқа маҳдуд гардида, ба на бештар аз ду масъалаи сиёсати дохилӣ ва ду мушкилоти дорои аҳамияти байнулмилалӣ бештар таваҷҷуҳ зоҳир шавад», – афзуд муовини раиси ҲСДТ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон аз кадом ҳисоб рушд мекунад?

Сарфи назар аз пешгӯиҳои мусбат, шарикони рушд интизорӣ доранд, ки иқтисоди Тоҷикистон бо як қатор хавфу чолишҳо дучор мешавад.

Музокироти Эрон ва Амрико бидуни дастёбӣ ба созиш поён ёфт

Он беш аз 20 соат идома кард ва ҳарду кишвар дар мавриди бозгаштан ё нагаштанашон ба музокира изҳори назаре накарданд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Шарифҷон Ҳусейнзодаву Савригул Қурбонова то парвози нахустин инсон ба кайҳон

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.