Шерхон Салимзода аз мансаби прокурори генералӣ барканор шуд

Бо пешниҳоди президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон прокурори генералии кишвар Шерхон Салимзода аз вазифааш озод карда шуд. Тибқи маълумоти дастрасшуда ба «Азия-Плюс», субҳи имрӯз дар иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ ин пешниҳоди президентро аъзои палатаи болоии парлумон якдилона дастгирӣ намуда, ҳамчунин номзадии Раҳмонов Юсуф Аҳмедович ба ин мансабро, ки аз ҷониби президент пешниҳод шудаааст, […]

Аваз Юлдошев



Бо пешниҳоди президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон прокурори генералии кишвар Шерхон Салимзода аз вазифааш озод карда шуд.

Тибқи маълумоти дастрасшуда ба «Азия-Плюс», субҳи имрӯз дар иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ ин пешниҳоди президентро аъзои палатаи болоии парлумон якдилона дастгирӣ намуда, ҳамчунин номзадии Раҳмонов Юсуф Аҳмедович ба ин мансабро, ки аз ҷониби президент пешниҳод шудаааст, маъқул шумориданд.

То ба ин мансаб таъин шудан Юсуф Раҳмонов ба ҳайси муовини аввали роҳбари дастгоҳи президенти Тоҷикистон (аз декабри соли 2014) ифои вазифа мекард.

Юсуф Раҳмонов 49-сола аст. Зодаи ноҳияи Восеи вилоят Хатлон. Дар мақомоти прокуратура 23 сол фаъолият кардааст. Тӯли солҳои гуногун ба сифати прокурори ноҳияҳои Сино ва Шоҳмансури пойтахт, муовини прокурори генералии кишвар, прокурори вилояти Суғд ва ҳамчунин дар Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ фаъолият намудааст.

Зимни суханронӣ дар иҷлосияи зикршуда акнун собиқ прокурори генералии ҷумҳурӣ Шерхон Салимзода аз аъзои палатаи болоии парлумон дархост намуд, ки ба матни пешниҳоди президент дар бораи аз вазифа озод кардани ӯ тағйирот ворид намуда, ибораи «бинобар сабаби анҷоми ваколатҳо» илова карда шавад.

Дар робита ба ин дархости ӯ раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев изҳор кард, ки ин масъала баррасӣ мешавад ва ҳамчунин илова кард, ки «ба сурати умум, президент уҳдадор нест, ки ба мо сабаби қарор дар бораи озод карданро шарҳ диҳад».

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.