Дар маҷлиси навбатии ҳукумат омодагии кишвар ба мавсими тирамоҳу зимистони соли 2026-2027 баррасӣ шуд

Дар маҷлиси навбатии ҳукумаи Тоҷикистон, ки имрӯз, 28-уми март таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон баргузор шуд, омода кардани кишвар ба мавсими тирамоҳу зимистони соли 2026-2027 мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон менависад, ки дар ҷаласа нахуст, Абдураҳмон Абдураҳмонзода, вазири рушди иқтисод ва савдо дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти […]

asia+

Дар маҷлиси навбатии ҳукумаи Тоҷикистон, ки имрӯз, 28-уми март таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон баргузор шуд, омода кардани кишвар ба мавсими тирамоҳу зимистони соли 2026-2027 мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон менависад, ки дар ҷаласа нахуст, Абдураҳмон Абдураҳмонзода, вазири рушди иқтисод ва савдо дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026-2027 гузориш дод.

“Таъкид гардид, ки мақсади таҳияи лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудани супоришу тадбирҳо вобаста ба ҳалли масъалаҳои омодагии соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2026-2027 мебошад”, – навиштааст манба

Дар пайи ин, Эмомалӣ Раҳмон супориш додааст, ки нақшаи чорабиниҳо оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ тасдиқ гардида, ситоди ҷумҳуриявӣ таъсис дода шавад.

Ҳукуматҳои шаҳру ноҳия ва вилоятҳо, инчунин, вазорату идораҳо уҳдадор шудаанд, ки то 20-уми ҳар моҳ маълумоти ҷамъбастиро ба Ситоди ҷумҳуриявӣ пешниҳод кунанд.

Дар идомаи маҷлиси ҳукумат, Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар бораи “Барномаи ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030” ва “Барномаи рушди донорӣ ва таъмини бехатарии хуни донорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030” гузориш додааст.

Ҳамчунин, дар маҷлис, Нақшаи амали “Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 дар солҳои 2026-2027” ва Нақшаи амали “Барномаи рушди низоми агроозуқаворӣ ва кишоварзии устувор барои давраи то соли 2030 дар солҳои 2026-2030” баррасӣ гардида, қарор қабул шудааст.

Дар охири ҷаласа, Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти марбута ҷиҳати иҷрои супоришҳои қаблӣ ва амалисозии қарорҳои маҷлиси имрӯза дастурҳо додааст. Аз ҷумла дар робита ба вусъати кишту кори баҳорӣ, истифодаи самараноки заминҳои кишт, ҳифзи муҳити зист, пешгирии офатҳои табиӣ, бахусус селу обхезиҳо дар фасли баҳор супориш додааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио