Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

Муҳаммад Назар, asia+

Ҷунбиши “Ансоруллоҳ” ё Ҳусиҳои Яман эълон кард, ки “бо партоби як силсила мушаки болистик” ба ҷануби Исроил расман вориди даргирӣ бо ин кишвар шудаанд. Ин аввалин партоби мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанги ин кишвар ҳамроҳи Амрико бо Эрон аст.

Яҳё Сареъ, сухангӯи Ҳусиҳо субҳи имрӯз, 28-уми март, гуфт, ки онҳо “маконҳои ҳассоси низомӣ”-и Исроилро ҳадаф қарор додаанд. Ӯ илова кардааст, ки Ҳусиҳо амалиёти худро то замони “қатъ гардидани таҷовуз дар тамоми ҷабҳаҳои муқовимат” идома хоҳанд дод.

Соате пеш Артиши Исроил аз партоби дасти кам як мушак аз Яман ба сӯи ин кишвар хабар дода, ба исроилиҳо ҳушдор дода буд, ки ба паноҳгоҳҳо раванд. Вале баъди чанде мақомоти исроилӣ гуфтанд, ки ин мушак раҳгирӣ шудааст ва сокинон метавонанд аз паноҳгоҳҳо берун бароянд.

Ин таҳаввулот пас аз он рух дод, ки Ҳусиҳои Яман дирӯз ҳушдор доданд, ки агар ҳамлаҳо ба Эрон идома ёбанд, онҳо ба ҷанг ворид хоҳанд шуд. Ин гурӯҳ, аз ҷумла гуфта буд, агар кишварҳои дигар дар баробари Иёлоти Муттаҳида ва Исроил ба ҷанги зидди Эрон ворид шаванд, аз баҳри Сурх барои ҳамлаи алайҳи Эрон ё ягон кишвари мусалмонӣ истифода шавад ва ё ҳамлаҳо зидди Эрон шиддат ёбанд онҳо ба даргирӣ ҳамроҳ мешаванд.

Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Пеш аз ин гурӯҳҳои дигари ҳамсӯ (ё ҳампаймон) бо Эрон ба монанди “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон ва Муқовимати Исломии Ироқ дар ҳимоят аз Ҷумҳурии Исломӣ вориди даргирӣ бо Амрико ва Исроил шуда буданд. 

Ҳусиҳо як гурӯҳи шӯришиёни маҳаллӣ дар Яман ҳастанд, ки қисматҳое ин кишвар, аз ҷумла, шаҳри Санъо, пойтахти Яманро дар даст доранд. Онҳо аз Эрон ва Фаластин ҷонибдорӣ ва ҳамлаи Исроил ба ин кишварҳоро маҳкум мекунанд.

Ҳангоми бомбборони Ғазза аз сӯйи Исроил, Ҳусиҳо пайваста киштиҳои тиҷоратӣ бо парчами ин кишвар ва Амрикоро зери ҳамла қарор дода, ба Исроил ҳам чанд бор мушак партоб карда буданд.

Бо охирин таҳаввулоти Эрону дигар кишварҳои Ховари Миёна дар бахши махсуси “АзияПлюс” огоҳ шаведҲамлаи Амрикову Исроил ба Эрон.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.