Бадриддин Мирзоев раиси Шӯрои доимии СААД интихоб шуд

Намояндаи Тоҷикистон Бадриддин Мирзоев раиси Шӯрои доимии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) интихоб шуд. Дар ин бора дар торнамои расмии СААД хабар дода мешавад. «Бинобар сабаби соли равон раёсат дар созмонро ба уҳда гирифтани Тоҷикистон, масъалаи интихоби раиси Шӯрои доимии СААД баррасӣ шуд», – иттилоъ дода мешавад дар сомонаи СААД. Гуфта мешавад, дар ҷаласаи Шӯрои […]

ASIA-Plus



Намояндаи Тоҷикистон Бадриддин Мирзоев раиси Шӯрои доимии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) интихоб шуд. Дар ин бора дар торнамои расмии СААД хабар дода мешавад.

«Бинобар сабаби соли равон раёсат дар созмонро ба уҳда гирифтани Тоҷикистон, масъалаи интихоби раиси Шӯрои доимии СААД баррасӣ шуд», – иттилоъ дода мешавад дар сомонаи СААД.

Гуфта мешавад, дар ҷаласаи Шӯрои созмон дабири кулли СААД Николай Бордюжа ва сардори Ситоди муттаҳидаи созмон генерал-лейтенант Александр Студеникин иштирок кардаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар ҷаласа ҳамчунин лоиҳаи қарори Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ оид ба рушди ниҳоди шарикӣ дар бахши ҳамкории низомиву иқтисодӣ дар доираи СААД, лоиҳаи қарори Шӯрои вазирони мудофиа кишварҳои узви СААД дар бораи таҳкими нақши муассисаҳои таълимии низомӣ ва муассисаҳои илмӣ ва тадбирҳои такмили чорабиниҳои омодагии кадрҳои ҳарбӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти таълимӣ ва илмии вазоратҳои мудофиаи кишварҳои узви созмон баррасӣ шуда, тасмим гирифта шудааст, ки ин ҳуҷҷатҳо ҷиҳати мувофиқасозӣ ба мақомоти дахлдори кишварҳо пешниҳод карда шаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.