М.Кабирӣ: Паёми президентро метавон эҳтиёткоронаву хушбинона арзёбӣ кард

Зимни ибрози назар ба Паёми имсолаи президенти кишвар раиси ҲНИТ, вакили палатаи поёнии парлумон Муҳиддин Кабирӣ изҳор намуд, ки «интизориҳои мо амалӣ шуда, паёми президент тамоми масъалахои асосии ҳаёти имрӯзаи ҷомеа ва ҳамчунин вазифаҳои ҳукумат дар робита ба таҳдидҳои кунуниро дар бар мегирад». Ба гуфтаи ӯ, миёни мушкилоти наздики кишвар метавон душвориҳои вазъи иқтисодӣ дар […]

Мавзуна Абдуллоева



Зимни ибрози назар ба Паёми имсолаи президенти кишвар раиси ҲНИТ, вакили палатаи поёнии парлумон Муҳиддин Кабирӣ изҳор намуд, ки «интизориҳои мо амалӣ шуда, паёми президент тамоми масъалахои асосии ҳаёти имрӯзаи ҷомеа ва ҳамчунин вазифаҳои ҳукумат дар робита ба таҳдидҳои кунуниро дар бар мегирад».

Ба гуфтаи ӯ, миёни мушкилоти наздики кишвар метавон душвориҳои вазъи иқтисодӣ дар робита ба таҳримҳо алайҳи Русия, бозгашти муҳоҷирони корӣ ва таҳдиди мушкил шудани вазъи минтақа  бинобар сабаби хориҷ шудани нерӯҳои НАТО аз Афғонистонро метавон ном бурд.

«Дар маҷмӯъ, Паёмро метавон эҳтиёткоронаву хушбинона арзёбӣ кард, ки ба вазъи кунунии кишвар ва минатқа созгор аст», – таъкид дошт М.Кабирӣ.

Ӯ ҳамчунин изҳор кард: «Ман бар ин назарам, ки гуфтаҳои президент оид ба «омили муҳимми боз ҳам таҳким ёфтани ваҳдати миллӣ ва сарҷамъии мардуми Тоҷикистон гардидани интихобот», ҳам аз ҷониби сохторҳои давлатӣ ва ҳам аз ҷониби аҳзоби сиёсӣ бояд ба наздикӣ ба таври комил амалӣ гардад. Мутмаинам, ки аҳзоби сиёсӣ ба ин омодаанд, ба ҳар ҳол, ҳизби мо ба идомаи кор дар ин самт омода аст. Вале гап сари он аст, ки оё мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба амалӣ шудани гуфтаҳои президент омодаанд ё ба ҳар ҳол боз худро эмин нигоҳ медоранд? Ба мансабдорони давлатӣ дар ин бора мустақиман дастуру супориш дода нашуд, умедворем, ки ин амал дар шакли дигар, масалан дар ҷаласаҳои ҳукумат сурат мегирад, зеро бо талоши танҳо аҳзоби сиёсӣ бидуни иштироки дигар субъектҳои ҷараёни интихобот, бахусус сохторҳои давлатӣ, табдили интихобот ба омили мутттаҳидиву сарҷамъии мардуми кишвар ғайриимкон аст».

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.