Ф.Ғоиб: Афроди ғайриқонунӣ нафақаи маъюбӣ гирифта бояд пулро ба давлат баргардонанд

Зимни нишасти хабарии имрӯза роҳбари Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ Фаттоҳ Ғоиб дар посух ба саволи журналистон оид ба нафақаҳои ғайриқонунӣ таъиншуда изҳор намуд, ки шахсоне, ки ба онҳо ғайриқонунӣ нафақаи маъюбӣ таъин шудааст, бояд маблағҳои гирифтаашонро ба давлат баргардонанд. «Собиқи раиси раёсати «Тоҷиксодиротбонк» Наталя Назаршоева муддати 4 сол ғайриқонунӣ нафақаи […]

Меҳрангез Турсунзода



Зимни нишасти хабарии имрӯза роҳбари Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ Фаттоҳ Ғоиб дар посух ба саволи журналистон оид ба нафақаҳои ғайриқонунӣ таъиншуда изҳор намуд, ки шахсоне, ки ба онҳо ғайриқонунӣ нафақаи маъюбӣ таъин шудааст, бояд маблағҳои гирифтаашонро ба давлат баргардонанд.

«Собиқи раиси раёсати «Тоҷиксодиротбонк» Наталя Назаршоева муддати 4 сол ғайриқонунӣ нафақаи маъюбӣ гирифта, ҳаҷми нафақаи моҳонааш беш аз 17 ҳазор сомониро ташкил додааст ва дар ин ин давра ӯ дар маҷмӯъ ба маблағи 718 ҳазор сомонӣ нафақа гирифтааст», – иброз дошт ӯ.

Ҳамчунин ӯ корманди КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон»-ро низ дар ин робита мисол оварда, аз ифшои ному насабаш худдорӣ варзид ва изҳор намуд, ки тайи 4 соли ахир нафақаи маъюбии моҳонаи ӯ 1815 сомониро ташкил дода, ҳамагӣ 72 ҳазор сомонӣ аз ин ҳисоб маблағ гирифтааст. «Чунин далелҳои ғайриқонунӣ таъин шудани нафақаи маъюбиро мо ошкор намуда, кор дар ин самт идома дорад», – қайд кард Ф.Ғоиб.

Ҳамин тариқ, ба қавли роҳбари Агентӣ, давоми соли гузашта 37 ҳазору 548 нафар нафақахӯрон оид ба муайян кардани гурӯҳи маъюбӣ аз ташхиси тиббӣ гузашта, гурӯҳи маъюбии 10 ҳазору 827 нафар бекор карда шудааст, ки ин 30% аз шумори умумии нафақахӯрони маъюби ҷумҳурӣ аст.

«Аз ин шумор 7 ҳазору 46 нафарашон комилан солим баромаданд! Боқимонда бо роҳҳои ғайриқонунӣ гурӯҳҳои маъюбиро иваз намудаанд», – таъкид дошт роҳбари Агентӣ.

Зимнан зикр гардид, ки тибқи ҳисобу китоби кормандони Агентӣ, маблағи умумии зиёни расида аз ин амалҳо 14 млн. 718 ҳазор сомонӣ арзёбӣ шудааст. «Дар содир намудани чунин амалҳо Фонди нафақа ва кормандони маркази ташхиси судиву тиббӣ гунаҳкоранд, ки гурӯҳи маъюбиро муайян карда, нафақа таъин мекунанд», – афзуд директори Агентии зиддифасод.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Сохтмон

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Шарифҷон Ҳусейнзодаву Савригул Қурбонова то парвози нахустин инсон ба кайҳон

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2026

Аз даргузашти Раҳмон Набиев ва Ҷалол Икромӣ то Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории паркинсон

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.