Ҳукумати Суғд ҳамаи толибилмон аз кишварҳои исломиро баргардониданист

Имрӯз дар муассисаҳои таълимоти динии кишварҳои исломӣ 22 нафар сокинони вилояти Суғд таҳсил мекунанд. Бино ба маълумоти мудири шуъба оид ба корҳои дини ҳукумати вилояти Суғд Абдуҳаким Шарипов, қаблан дар ин гуна муассисаҳои таълоимӣ 644 нафар сокинони вилоят таҳсил мекарданд, ки 636 нафарашон ба ватан баргардонида шуданд. «Тибқи маълумоте, ки мо дар даст дорем, аз […]

Мавлуда Рофиева



Имрӯз дар муассисаҳои таълимоти динии кишварҳои исломӣ 22 нафар сокинони вилояти Суғд таҳсил мекунанд.

Бино ба маълумоти мудири шуъба оид ба корҳои дини ҳукумати вилояти Суғд Абдуҳаким Шарипов, қаблан дар ин гуна муассисаҳои таълоимӣ 644 нафар сокинони вилоят таҳсил мекарданд, ки 636 нафарашон ба ватан баргардонида шуданд.

«Тибқи маълумоте, ки мо дар даст дорем, аз 8 нафари он ҷо боқимонда 3 нафар расман ва ду нафар бидуни иҷозатнома таҳсил дошта, 2 нафар бо аҳли оилаашон дар Арабистони Судӣ зиндагӣ мекунанд», – иброз дошт вай.

Ба гуфтаи ӯ, 14 нафари ба ватан баргашта бо баҳонаҳои гуногуни муҳоҷирати корӣ, сайру саёҳат ва ғайра боз ба кишварҳои исломӣ раҳсипор гардида, ба таҳсили худ дар муассисаҳои таълимоти динӣ идома медиҳанд.

«Барои бо ҷойи кору таҳсил таъмин намудани ҷавонони аз ин кишварҳо баргашта ва баргардонидани 22 нафар сокинони вилоят аз кишварҳои исломӣ ба ватан мо ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ медиҳем», – гуфт номбурда.

Зимнан зикр гардид, ки 48 нафар сокинони вилояти Суғд айни замон дар Донишгоҳи исломии Тоҷикистон ба таҳсили илм машғуланд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.