Вазорати нақлиёт оид ба барқарор кардани хатсайри ҳавоӣ миёни Душанбеву Тошканд

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон маълумот дар бораи имкони барқарор шудани хатсайри ҳавоӣ миёни шаҳрҳои Душанбе ва Тошкандро тасдиқ накард. Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Хайрулло Асозода зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки алҳол миёни вазоратҳои нақлиёти кишварҳо дар ин хусус ҳеҷ тавофуқоте ҳосил нашудааст. «Мо бо 18 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла бо Ӯзбекистон низ […]

Пайрав Чоршанбиев



Вазорати нақлиёти Тоҷикистон маълумот дар бораи имкони барқарор шудани хатсайри ҳавоӣ миёни шаҳрҳои Душанбе ва Тошкандро тасдиқ накард.

Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Хайрулло Асозода зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки алҳол миёни вазоратҳои нақлиёти кишварҳо дар ин хусус ҳеҷ тавофуқоте ҳосил нашудааст.

«Мо бо 18 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла бо Ӯзбекистон низ созишнома дар бораи мухобироти ҳавоӣ ба имзо расонидаем ва Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ ҷонибдори монеъа эҷод кардан дар ин самт нест. Баръакс мо ҳамеша кӯшиш мекунем, ки бо кишварҳои ҳамсоя ҳамкориҳо дар ин соҳаро ривоҷ диҳем», – иброз дошт вазир.

Ба гуфтаи Асозода, дар робита ба масъалаи густариши мухобироти ҳавоӣ миёни кишварҳо ӯ шахсан ба вазири нақлиёти Ӯзбекистон бо нома муроҷиат кардааст, «вале то ҳанӯз ба муроҷиати худ посухе нагирифтааст».

Зимнан зикр гардид, ки ояндаи наздик дар Истамбул вохӯрии роҳбарони вазорату идораҳои нақлиёти кишварҳои созмони ТРАСЕКА доир мегардад ва дар доираи кори он ӯ масъалаи мазкурро бо вазири нақлиёти Ӯзбекистон баррасӣ карданист.

Ёдрас мекунем, ки нимаи моҳи равон васоити ахбори умуми Ӯзбекистон иттилоъ дода буданд, ки ширкати миллии ҳавопаймоии Ӯзбекистон «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари» («Uzbekistan Airways») аз 29-уми март ба роҳандозии 

парвози ҳавопаймоҳо тариқи хатсайри Тошканд – Душанбе 

оғоз мекунад.

Аввали ҳафтаи гузашта директори Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) Рустам Холиқов

низ ба журналистон изҳор намуд,

ки дар робита ба дубора аз сар гирифтани парвози ҳавопаймоҳо тариқи хатсайри Тошканд – Душанбе, ФБД ва ширкати миллии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» огоҳиномаи расмӣ нагирифтаанд.

Рӯзи 

12-уми январи соли равон 

«Азия-Плюс» иттилоъ дода буд, ки дар доираи тавофуқоти ҳосилшуда зимни вохӯрии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов моҳи сентябр дар шаҳри Душанбе, баҳри баланд бардоштан ва беҳбуди муносибатҳои дуҷониба, Тоҷикистон ба Ӯзбекистон як қатор пешниҳодҳо кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Сохтмон
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокироти Эрон ва Амрико бидуни дастёбӣ ба созиш поён ёфт

Он беш аз 20 соат идома кард ва ҳарду кишвар дар мавриди бозгаштан ё нагаштанашон ба музокира изҳори назаре накарданд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Шарифҷон Ҳусейнзодаву Савригул Қурбонова то парвози нахустин инсон ба кайҳон

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2026

Аз даргузашти Раҳмон Набиев ва Ҷалол Икромӣ то Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории паркинсон