КМИР: Шокирҷон Ҳакимов аз қарори шӯрои сиёсии ҳизби худаш огаҳӣ надорад

– Изҳороти муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Шокирҷон Ҳакимов доир ба аз ҷониби ҳавзаи якмандатии интихоботии Конибодом монеъа эҷод сохтан барои сабти расмии ӯ ба сифати номзад ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон ҳеҷ ҷойи шарҳу тавзеҳ надорад, – изҳор намуд роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода. Ба гуфтаи ӯ, ҳанӯз 19 январ ба […]

Аваз Юлдошев



– Изҳороти муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Шокирҷон Ҳакимов доир ба аз ҷониби ҳавзаи якмандатии интихоботии Конибодом монеъа эҷод сохтан барои сабти расмии ӯ ба сифати номзад ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон ҳеҷ ҷойи шарҳу тавзеҳ надорад, – изҳор намуд роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода.

Ба гуфтаи ӯ, ҳанӯз 19 январ ба КМИР изҳороти Шӯрои сиёсии ҲСДТ ворид гардида буд, ки дар он ҳизб дар бораи муваққатан даст кашидан аз иштирок дар интихоботи парлумонӣ дар ҳама сатҳҳо ба нишони эътироз ба ҳукм нисбати адвокат Шуҳрат Қудратов хабар дода буд.

«Дар изҳороти Шӯрои сиёсии ҲСДТ аз КМИР дархост шуда буд, ки то ошкор шудани ҳолатҳои қазияи Ш.Қудратов, номзадҳо аз ҲСДТ дар ҳамаи сатҳҳо, бидуни назардошти бо кадом шакл ба интихобот рафтани онҳо, хоҳ тибқи рӯйхати ҳизбӣ бошаду хоҳ аз ҳавзаи якмандатӣ ва ҳатто номзадҳои худпешбаришуда аз ҲСДТ ҳам расман ба қайд гирифта нашаванд», – қайд кард Додозода.

Номбурда хотирррасон намуд, ки ба изҳороти шӯрои сиёсии ҲСДТ КМИР дарҳол расман посух дода, онҳоро огоҳ кард, ки мутобиқи қонунгузории кишвар, ба сабти расмии номзадҳо аз ҲСДТ

то 9-уми феврал муҳлат

муқаррар шудааст.

Дар ҳамин ҳол, имрӯз, 28 январ раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров дар ин робита изҳорот интишор намуда, дар он зикр кард, ки қарори шӯрои сиёсии ҲСДТ дар бораи муваққатан даст кашидан аз иштирок дар интихобот ба номзадҳои худпешбаришуда ва номзадҳои пешниҳодшуда аз ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ дахл надорад.

Раиси ҲСДТ дар изҳороти худ «аз КМИР қотеъона дархост мекунад, ки дар доираи қонунгузории Тоҷикистон чунин номзадҳо ба вакилӣ ба қайд гирифта шаванд».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Сохтмон

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Шарифҷон Ҳусейнзодаву Савригул Қурбонова то парвози нахустин инсон ба кайҳон

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2026

Аз даргузашти Раҳмон Набиев ва Ҷалол Икромӣ то Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории паркинсон

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.