Эмомалӣ Раҳмон подшоҳи Арабистони Саудиро табрик кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ба тахти подшоҳии Арабистони Саудӣ нишастани  Ходими Ҳарамайни Шарифайн Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд ба унвони ӯ барқияи табрикӣ фиристод. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқия Эмомалӣ Раҳмон ба подшоҳи ин кишвар дар хидмати Ҳарамайни Шарифайн муваффақият орзу мекунад.    «Орзу дорам, ки қадамҳои Шумо дар […]

ASIA-Plus



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ба тахти подшоҳии Арабистони Саудӣ нишастани  Ходими Ҳарамайни Шарифайн Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд ба унвони ӯ барқияи табрикӣ фиристод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқия Эмомалӣ Раҳмон ба подшоҳи ин кишвар дар хидмати Ҳарамайни Шарифайн муваффақият орзу мекунад.  

 «Орзу дорам, ки қадамҳои Шумо дар ҷодаи роҳбарӣ ба мардуми бародари Шоҳигарӣ ҷиҳати дастёбӣ ба пешрафту шукуфоии бештари кишвар, ҳаллу фасли пирӯзмандонаи масоили Уммати исломӣ ва орзуҳову ормонҳои он устувор бошад», – омадааст дар барқия.

Ҳамчунин дар барқия гуфта мешавад, «бо истифода аз ин фурсати нек рағбати содиқонаи хешро ҷиҳати идомаи раванди ҳамкориву ҳамоҳангӣ бо Шумо дар амри таҳкими робитаҳои дӯстиву рафоқат, ки муҷиби хайру баракат барои мардумони бародари мо бошанд, изҳор менамоям».

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.