Мавҷи эҳсосоти Шодӣ Шабдолов нисбати тағйирот ба қонуни нафақа

Зимни баррасии масъалаи ворид намудани тағйироту иловаи пешниҳодшудаи ҳукумат ба қонуни ҶТ «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандон» дар палатаи поёнии парлумон, раиси Ҳизби коммунист ва вакил Шодӣ Шабдолов аз ҳампешагони худ даъват намуд, ки онро рад намоянд ва бо нигаронӣ изҳор намуд, ки «вагарна худатон нахоҳед фаҳмид, ки дар кадом хусус овоз дода истодаед». Зимни […]

Аваз Юлдошев



Зимни баррасии масъалаи ворид намудани тағйироту иловаи пешниҳодшудаи ҳукумат ба қонуни ҶТ «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандон» дар палатаи поёнии парлумон, раиси Ҳизби коммунист ва вакил Шодӣ Шабдолов аз ҳампешагони худ даъват намуд, ки онро рад намоянд ва бо нигаронӣ изҳор намуд, ки «вагарна худатон нахоҳед фаҳмид, ки дар кадом хусус овоз дода истодаед».

Зимни ибрози андеша доир ба ин масъала Шабдолов бандҳои тағйирот ба қонунро, ки дар онҳо такроран аз ташхиси тиббӣ гузаштани маъюбон барои муайян кардани гурӯҳи маъбӣ пешниҳод шудааст, бемаънӣ унвон кард. «Ҳеҷ касе дар дунё маъюб будан намехоҳад ва ман аз шумо даъват мекунам, ки тағийрот ба қонун бо ин шаклро қабул накунед», – таъкид дошт ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, бо ҳаҷми миёнаи нафақаи маъюб дар Тоҷикистон, ки 230 сомониро ташкил медиҳад, ҳатто харидани се ҳаб (таблетка)-и зарурӣ дар дорухонаҳо ғайриимкон аст. «Дар бораи бо маводи ғизойӣ таъмин будану зиндагии маъюб ҳоҷати ҳарф задан ҳам нест. Банди тағйирот дар бораи бекор кардани таъини нафақаи якумрӣ дар кишвар бошад, ба шарҳу тавзеҳ ниёз надорад. Ба сурати умум, бигзор ҳукумат аз ҳисоби хусусигардонии иншооти сершумори давлатӣ ҳаққи маъюбонро диҳад», – чунин мешуморад раиси ҲКТ.

Дар посух ба суханронии пурҳаяҷони Шабдолов намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ изҳор доштанд, ки нафақаҳои якумрӣ минбаъд бар асоси дастури ҳукумат таъин мешавад, ки мавриди таҳия қарор дорад.

Пас аз суханронии пурэҳсоси Шодӣ Шабдолов раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров луқма партофт, ки шояд худи раиси ҲКТ дорои гурӯҳи маъбӣ аст, вале аз Шодӣ Шабдолов посухи рад гирифт.

Зимни шарҳи моҳияти тағйироту илова ба қонуни мазкур ба вакилон муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Лола Бобоҳоҷиева қайд кард, ки имрӯз дар саросари кишвар 163 ҳазору 707 нафар шаҳрвандон бо нафақаи маъюбӣ ва кумакпулиҳо барои маъюбон таъмин карда мешаванд, ки 25,8 ҳазор нафарашон кӯдаконанд.

Ӯ зикр кард, ки дар натиҷаи соли гузашта такроран баргузор кардани ташхиси тиббии беш аз 39 ҳазор нафар маъюбон, нисбати 8 ҳазор нафари онҳо қарорҳои таъини нафақа ва кумакпулиҳо бекор карда шуда, гурӯҳи маъбии 4 ҳазор нафари дигар аз гурӯҳи 2 ба 3 гузаронида шуданд.

Пас аз баҳсҳои пурҷӯшу хурӯш аз 54 нафар вакилони дар ҷаласа ҳузурдошта 3 нафар муқобил, 3 нафар бетараф ва боқимонда 48 нафар вакилони дигар ба ҷонибдории ворид намудани тағйироту илова ба қонун овоз доданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Сохтмон
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон аз кадом ҳисоб рушд мекунад?

Сарфи назар аз пешгӯиҳои мусбат, шарикони рушд интизорӣ доранд, ки иқтисоди Тоҷикистон бо як қатор хавфу чолишҳо дучор мешавад.

Музокироти Эрон ва Амрико бидуни дастёбӣ ба созиш поён ёфт

Он беш аз 20 соат идома кард ва ҳарду кишвар дар мавриди бозгаштан ё нагаштанашон ба музокира изҳори назаре накарданд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Шарифҷон Ҳусейнзодаву Савригул Қурбонова то парвози нахустин инсон ба кайҳон

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.