USAID ба истифодабарандагони оби Хатлон техника тақдим намуд

Сафири ИМА дар Тоҷикистон Сюзан М. Эллиотт ва намояндагони Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) бо ҳамроҳии раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадзода дар маросими тақдими техникаи об ба ҷамоатҳои вилояти Хатлон иштирок намуданд. Бино ба иттилои сафоратхонаи ИМА дар ҶТ, Федератсияи ассотсиатсияҳои истифодабарандагони оби “Ҷиликул” як экскаватори арзишаш 112 000 доллар ва Федератсияи ассотсиатсияҳои […]

ASIA-Plus



Сафири ИМА дар Тоҷикистон Сюзан М. Эллиотт ва намояндагони Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) бо ҳамроҳии раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадзода дар маросими тақдими техникаи об ба ҷамоатҳои вилояти Хатлон иштирок намуданд.

Бино ба иттилои сафоратхонаи ИМА дар ҶТ, Федератсияи ассотсиатсияҳои истифодабарандагони оби “Ҷиликул” як экскаватори арзишаш 112 000 доллар ва Федератсияи ассотсиатсияҳои истифодабарандагони оби “Наҳри Қумсангир” як трактори дорои бели васлшуда бо арзиши 44 900 доллар дастрас намуданд. USAID техникаҳои обёрии мазкурро ҷиҳати дастгирии татбиқи ислоҳоти соҳаи оби зироатӣ дар Тоҷикистон тақдим намуд. Сафир Эллиотт ҳамчунин дар маросими ифтитоҳи расмии бинои нави ассотсиатсияи истифодабарандагони оби “Обрасон-К” иштирок намуд. Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об (АИО) тавассути раванди ошкоро ва муштарак бо ҷалби хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ, деҳқонони соҳибкор, сарварони ҷамоатҳо ва мақомоти давлатӣ таъсис ёфтаанд.

 Ташаббуси Ҳукумати ИМА “Озӯқаворӣ ба хотири оянда” барои беҳтар намудани амнияти озӯқаворӣ, даромади хонаводаҳо ва коҳиш додани норасоии ғизо тавассути рушди соҳаи кишоварзӣ ва беҳдошти ғизо равона гардидааст. Барои ноил шудан ба ин мақсад USAID ба кишоварзони Тоҷикистон ҷиҳати беҳтар намудани усулҳои муҳими идоракунии оби зироатӣ кӯмак мерасонад. Дастрас намудани техникаҳои вазнин ва сохтмони бинои идораи ассотсиатсия тавассути Барномаи USAID оид ба дастгирии хоҷагидории деҳқонии оилавӣ ба баланд бардоштани самаранокии заминҳои кишоварзӣ ва дастрасии устувор ба оби зироатӣ барои беш аз 226 400 сокинони ноҳияҳои Вахш, Ҷ. Румӣ, Ҷиликул ва Қумсангир мусоидат менамояд.

 Сафир Эллиотт зикр намуд, ки ассотсиатсияҳои монанди ин барои идоракунии шабакаҳои обёрии маҳаллӣ ва кафолати таъмини одилона ва устувори об нақши муҳим мебозанд. Ӯ инчунин афзуд, ки онҳо барои беҳтар намудани даромад ва некӯаҳволии миллионҳо шаҳрванди Тоҷикистон, ҳамчунин рушди умумии иқтисоди кишвар яке аз ниҳодҳои хеле муҳим ба ҳисоб мераванд.

 Барномаи USAID оид ба дастгирии хоҷагидории деҳқонии оилавӣ яке аз лоиҳаҳои зиёди ташаббуси “Озӯқаворӣ ба хотири оянда” мебошад, ки аз номи мардуми Амрико тавассути USAID дар Тоҷикистон татбиқ мешавад. Аз моҳи октябри соли 2010 ин ҷонибБарномаи USAID оид ба дастгирии хоҷагидории деҳқонии оилавӣ 60 АИО ва чор Федератсияи АИО-ҳоро дар вилояти Хатлон таъсис ва дастгирӣ намуд, ки онҳо дар навбати худ оби зироатиро ба 122 653 гектар замин ва зиёда аз 825 300 нафар одамон ба таври самаранок ва баробар таъмин менамоянд. Чорабиниҳои имрӯза анҷомёбии фаъолияти Барномаи USAID оид ба дастгирии хоҷагидории деҳқонии оилавӣ (2010-2015)-ро қайд мекунанд. Дар робита ба ин, ҳамчунин конфронси хотимавӣ санаи 29 январи 2015 дар шаҳри Қурғонтеппа гузаронида мешавад.

Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико омода аст, ки дар оянда кӯмак ва дастгирии худро ба мардуми Тоҷикистон идома диҳад. Аз соли 1992 то ин ҷониб, мардуми Амрико маблағи зиёда аз 1 миллиард доллари амрикоиро барои барномаҳо ва кумаки башардӯстона ҷиҳати дастгирии ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисоди Тоҷикистон ҷудо намудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.