Вазир: “Деҳқон озод аст”. Раис: “Пахта кор”. Кишоварзон чӣ кор бояд кунанд?

Вазорати кишоварзӣ мегӯяд, ҳеқ кас барои маҷбур кардани деҳқонон ҳақ надорад, лекин мақомот дар маҳалҳо ҳарчи зиёдтар фишор меоранд.

Сайфиддин Қараев, asia+

Дар Тоҷикистон маъракаи кишти пахта дар соли 2026 оғоз шуд. Дар ҳамин ҳол, кишоварзон бо талаботи шадиди мақомоти маҳаллӣ дучор мешаванд, ки онҳоро ба кишти 70%-и заминҳо бо пунбадона маҷбур мекунанд, ҳарчанд ин усули кор аз лиҳози иқтисодӣ фоидаовар нест.

Тавре ки Вазорати кишоварзии Тоҷикистон хабар медиҳад, то 3 апрел ба беш аз 23 ҳазор гектар заминҳо пунбадона кишт шуда, қисмати асосии кишт ба вилояти Хатлон рост меояд. Соли 2026 дар маҷмӯъ кишти пахта, ки яке аз зироатҳои калидии кишоварзӣ маҳсуб меёбад, дар 186,8 ҳазор гектар замин ба нақша гирифта шудааст.

Мувофиқи Дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ барои солҳои 2026-2028, дар Тоҷикистон афзоиши назарраси парвараишу истеҳсоли пахта дар назар аст. Соли 2026 дар кишвар истеҳсоли 422 ҳазор тонна пахта пешбинӣ шудааст, ки 3,8% зиёдтар нисбат ба соли 2025 мебошад.

Нусхаи протокол

Кишоварзони Тоҷикистонро ба парвариши пахта маҷбур мекунанд

Солҳои ахир парвариши пахта аз лиҳози иқтисодӣ фоидаовар нашуд ва аксари кишоварзон кишти заминҳои худро бо зироатҳои бештар даромадовар, аз ҷумла гандуму сабзавот, афзалтар мешуморанд.

Ҳукумати Тоҷикистон ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳӣ дастур дод, ки баҳри иҷрои нақшаҳо доир ба кишти пахта тамоми тадбирҳои заруриро рӯйи даст гиранд. Супориши мазкур дар протоколи маҷлиси ҳукумат дарҷ ёфтааст. Соли гузашта нусхаи ин протокол аз моҳи январи соли 2025 дар ихтиёри идораи “Азия-Плюс” низ қарор гирифта буд.

Дар амал ин чӣ маънӣ дорад?

Сарфи назар аз изҳороти Вазорати кишоварзӣ доир ба интихоби озодонаи зироат барои кишт, дар амал мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ба маҷбурсозии онҳо ба кишти пахта идома медиҳанд. Мансабдорони маҳаллӣ исрор мекунанд, ки дар 70%-и заминҳо бояд пунбадона кишт шавад, ҳарчанд аллакай дигар зироатҳо кишт шуда бошанд ҳам.

Вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Қурбон Ҳакимзода дар мавриди дахолати мақомоти маҳаллӣ мавқеи худро изҳор дошта, зикр кард, ки онҳо барои маҷбур кардани кишти зироати муайян ҳақ надоранд. Ба гуфтаи ӯ, ҳаллу фасли масъалаи кишти маҷбурӣ тариқи усули маблағгузории пешакӣ ва беҳбуди механизмҳои харид имконпазир аст, ки ба кишоварзон ҷиҳати интихоби озодонаи зироат барои кишт имкон медиҳад.

Деҳқонон дар Рашт. Акс аз бойгонии аз asia+

Дар ноҳияи Ҳамадонӣ ин вазъият ба нуқтаи авҷи худ расид. Тавре ки Радиои Озодӣ хабар медиҳад, чанде пеш раиси ноҳия Фаррухуддин Набизода ба кишти алафи юнучқа дар замин ба ҷойи пахта шадидан муносибат карда, изҳор доштааст, ки: “Раиси муҳтарам, шумо ба куҷо нигоҳ кардед? Ҳамаи хоҷагиҳо дар ин деҳа юнучқа коридаанд. Пагоҳ пахтаро дар куҷо кишт мекунед?”.

Ӯ огоҳ кардааст, ки заминҳо чаппагардон карда шаванд, то ки 70%-и он бо пунбадона кишт шавад. “Пагоҳ пас аз хӯроки нисфирӯзӣ бо тракторҳо меоем. Замини ҳамаи хоҷагиҳоро, ки чунин кишт шудаанд, чаппагардон мекунем. Муҳим нест, ки ин аз кист, барои мо фарқ надорад, ки шумо чӣ кишта будед”, – таъкид доштааст мансабдор.

Аз нуқтаи назари қонунгузорӣ низ ин масъала саволҳо ба миён меорад. Тибқи он, хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) мустақилона самти фаъолияти худро муайян мекунанд ва ҳуқуқ доранд, ки зироат барои киштроо интихоб кунанд. Ба дахолати мақомоти давлатӣ иҷоза дода намешавад.

Кишти пунбадона. Акс аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд

Нархҳои пасти харид ва мушкили ҳосилнокӣ

Тоҷикистон ҳамагӣ ҳудуди 700 ҳазор гектар заминҳои обӣ дорад, ки аз он ҳамасола 180-186 ҳазор гектараш барои кишти пунбадона ҷудо мешавад. Мақомот аз гирифтани ҳосили 22,6 сентнер аз ҳар як гектар интизорӣ доранд, ки барои кишвари дорои чунин имконият дар соҳаи кишоварзӣ нишондиҳандаи хеле паст аст. Ин аз лиҳози иқтисодӣ низ фоидаовар нест, зеро ҳосил аз чунин масоҳат аз имконият хеле пасттар аст.

Агар аз 186,8 ҳазор гектар 40 сентнер аз як гектар ҳосил гирифта мешуд, он зиёда аз 700 ҳазор тоннаро ташкил медод. Расидан ба чунин натиҷа бо истифода аз тарзу услуҳои инноватсионӣ, аз ҷумла кишти зери плёнка имконпазир аст. Соли 2026 кишти 40 ҳазор гектар зери плёнка ба нақша гирифта шудааст.

Кишти пунбадона зери плёнка якчанд афзалияти муҳим дорад. Плёнка барои нигаҳдории намнокӣ дар хок кумак мекунад, ки дар шароити хушксолиҳо хеле муҳим аст. Он ба сабзидани тухмӣ суръат бахшида, барои нашъунамо шароити мусоид фароҳам меорад. Ҳамчунин плёнка хокро аз бодлесшавӣ (эрозия) ҳифз карда, сабзиши алафҳои бегонаро бозмедорад. Ин талабот ба маводи кимиёвӣ ва обёрии иловагиро кам мекунад. Дар натиҷа ҳосилнокӣ метавонад баланд шуда, хароҷот ба обёрӣ ва коркард пасттар мешавад.

Кишти пахтаи зери плёнка. Акс аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд

Аммо хароҷот ба ин усул нисбат ба маъмулӣ зиёдтар аст. Арзиши плёнка ва насби низоми он барои истифода маблағгузории иловагиро талаб мекунанд. Бо вуҷуди ин, дар дурнамои дарозмуҳлат агар ҳосил зиёд шавад, кишоварзон метавонистанд, ки ин хароҷотро ҷуброн намуда, аз фурӯши пахта даромади муносиб ба даст оранд.

Боз як мушкили дигар ҳам ҳаст. Аммо…

Нархҳои хариди пахта дар Тоҷикистон 6-7 сомонӣ барои 1 килограммро ташкил медиҳанд, дар ҳоле, ки хароҷот ба як гектар то ба 15 ҳазор сомонӣ мерасанд. Дар натиҷа кишоварзон зиён мебинанд, зеро даромад аз пахта ҳатто хароҷот ба парвариши онро наметавонад ҷуброн созад.

Дар ҳамин ҳол, нархи пахта дар бозори байнулмилалӣ ба таври назаррас баландтар аст – 15-16 сомонӣ барои 1 килограмм, аммо кишоварзони маҳаллӣ барои мустақиман фурӯхтани пахтаи худ имкон надоранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 апрели соли 2026

Аз пахши радиои "Азия-Плюс" дар Хатлон то зодрӯзи Аъзам Сидқӣ ва Заррагул Искандарова

Ҷазои 20 сарбоз барои фирор аз қисми низомӣ. Арзёбии шароити сарбозон ва будубоши онҳо дар қисмҳои низомӣ аз сӯйи Омбудсмен

Ҳамчунин, 10 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ барои дағалона рафтор кардан ва иҷро накардани вазифаҳои хидматӣ муҷозот шудаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Далер Лоҳутӣ ва Абдулфаттоҳ Ҳотамов, бунёдгузори литсейи "Ҳотам ПВ" то рӯзи ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ.

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.