Соли 2015 афзоиши иқтисод тибқи пешгӯии нохуштарин ҳам 4,8%-ро ташкил хоҳад дод

Зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Шариф Раҳимзода изҳор намуд, ки нақшаи чорабиниҳо бобати то ба ҳадди камтарини ниҳоӣ овардани хатарҳои буҳрони ҷаҳонии иқтисодиву молӣ ба иқтисоди Тоҷикистон дар марҳилаи баимзорасӣ қарор дорад. Ба гуфтаи вазир, ҳуҷҷати мазкур аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ дар ҳамдастӣ бо вазорату […]

Пайрав Чоршанбиев



Зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Шариф Раҳимзода изҳор намуд, ки нақшаи чорабиниҳо бобати то ба ҳадди камтарини ниҳоӣ овардани хатарҳои буҳрони ҷаҳонии иқтисодиву молӣ ба иқтисоди Тоҷикистон дар марҳилаи баимзорасӣ қарор дорад.

Ба гуфтаи вазир, ҳуҷҷати мазкур аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ дар ҳамдастӣ бо вазорату идораҳои дахлдори кишвар таҳия шуда, бо тамоми мақомоти дахлдор мувофиқа ва ояндаи наздик ба нашр хоҳад расид.

«Дар ин нақша дар навбати аввал роҳандозии сиёсати пуливу қарзии дурусту саҳеҳ, сиёсати бештар эҳтиёткоронаи андозу буҷетӣ (фискалӣ), коҳиши хароҷот ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ пешбинӣ шудааст», – иброз дошт ӯ.

Ба қавли Раҳимзода, нақшаи мазкур аз 5 қисмат иборат аст, ки се навъи имконпазири сурат гирифтани вазъ (сенария)-и рушди иқтисоди ҷумҳурӣ дар шароити буҳрони ҷаҳонии иқтисодиву молиро дар бар мегиранд.

Ӯ қайд кард, ки соли 2015 афзоиши иқтисоди Тоҷикистон тибқи пешгӯии нохуштарин ҳам 4,8-ро ташкил хоҳад дод. «Афзоиш дар чунин сатҳ дар сурати таъсири шадиди буҳрон ба иқтисоди мо имконпазир аст», – шарҳ дод вазири рушди иқтисод.

Зимнан таъкид гардид, ки ҳукумати Тоҷикистон дар ростои муқобилат бо буҳрони глобалии моливу иқтисодӣ аз як таҷрибаи муайяне бархӯрдор аст. «Мо ҳанӯз соли 2009-ро дар хотир дорем, ки он замон таҳти таъсири буҳрон сатҳи афзоиши иқтисоди мо ҳамагӣ 3,9%-ро ташкил дода буд», – афзуд Ш.Раҳимзода.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Сохтмон
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокироти Эрон ва Амрико бидуни дастёбӣ ба созиш поён ёфт

Он беш аз 20 соат идома кард ва ҳарду кишвар дар мавриди бозгаштан ё нагаштанашон ба музокира изҳори назаре накарданд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Шарифҷон Ҳусейнзодаву Савригул Қурбонова то парвози нахустин инсон ба кайҳон

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2026

Аз даргузашти Раҳмон Набиев ва Ҷалол Икромӣ то Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории паркинсон