Дастури прокурори генералӣ оид ба санҷиши парвандаҳои ҷиноии беасос бозшуда

Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмонов, ки ахири моҳи январ ба ин мансаб таъин гардид, рӯзи 24 феврал бо иштироки кормандони масъули мақомоти прокуратура, намояндагони ВКД, КДАМ, Агентии назорати маводи нашъаовар ва Агентии зиддифасод ҷаласаи васеи ҳайати мушовара (коллегия)-и Прокуратураи генералиро баргузор намуд. Бино ба иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ, дар ҷаласаи ҳайати мушовара масъалаи […]

Аваз Юлдошев



Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмонов, ки ахири моҳи январ ба ин мансаб таъин гардид, рӯзи 24 феврал бо иштироки кормандони масъули мақомоти прокуратура, намояндагони ВКД, КДАМ, Агентии назорати маводи нашъаовар ва Агентии зиддифасод ҷаласаи васеи ҳайати мушовара (коллегия)-и Прокуратураи генералиро баргузор намуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ, дар ҷаласаи ҳайати мушовара масъалаи иҷрои дастурҳои президент бобати тақвияти мубориза бо коррупсия, ки санаи 17 феврал дар ҷаласаи Шӯрои амният садо дод, баррасӣ шуд.

Гуфта мешавад, Юсуф Раҳмонов ба сохторҳои дахлдор ҷиҳати тақвияти мубориза бо ҷинояткорӣ, бахусус зуҳуроти коррупсионӣ дастур дода, тақозо кард, ки сифати тафтишоти пешакии парвнадаҳои марбут ба коррупсия беҳтар гардонида шавад.

Зимнан зикр мегардад, ки Юсуф Раҳмонов зимни сухаронӣ таъкид доштааст, ки назорати прокурорӣ нисбат ба парвандахои ҷиноие, ки беасос боз шудаанд, пурзӯр карда мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.