БҶ барои барқарор кардани роҳҳо дар Тоҷикистон 45 млн. $ ҷудо мекунад

Имрӯз Шӯрои директорони иҷроияи Гуруҳи Бонки ҷаҳонӣ ҷудо  кардани  45  миллион  долл.ИМА-ро  ҷиҳати  маблағгузорӣ  намудани  марҳилаи  дуввуми Барномаи  беҳсозии  роҳҳои  нақлиётии  Осиёи  Марказиро,  ки  дар  Тоҷикистон  дар  давоми  солҳои 2015  –  2020  амалӣ  мегардад,  ба  тасвиб  расонид.  Тавре аз Бонки ҷаҳонӣ хабар доданд, ҳадафи  лоиҳаи  мазкур  аз  беҳтар  намудани  алоқаи  нақлиётӣ  байни  Тоҷикистон  ва  кишварҳои  […]

Пайрав Чоршанбиев


Имрӯз Шӯрои директорони иҷроияи Гуруҳи Бонки ҷаҳонӣ ҷудо  кардани  45  миллион  долл.ИМА-ро  ҷиҳати  маблағгузорӣ  намудани  марҳилаи  дуввуми Барномаи  беҳсозии  роҳҳои  нақлиётии  Осиёи  Марказиро,  ки  дар  Тоҷикистон  дар  давоми  солҳои 2015  –  2020  амалӣ  мегардад,  ба  тасвиб  расонид. 

Тавре аз Бонки ҷаҳонӣ хабар доданд, ҳадафи  лоиҳаи  мазкур  аз  беҳтар  намудани  алоқаи  нақлиётӣ  байни  Тоҷикистон  ва  кишварҳои  ҳамсоя  дар  доираи  роҳҳои  асосии  фаромарзӣ дар вилояти Суғд иборат буда дар натиҷаи татбиқи он  алоқаи нақлиёт  байни аҳолӣ ва ширкатҳо, бозорҳо ва имкониятҳо дар сатҳи минтақавӣ таъмин мегардад.

Барномаи  беҳсозии  роҳҳои  нақлиётии  Осиёи  Марказӣ  (CARs)  барномаи  муштараки  минтақавӣ, бисёрмарҳилавӣ  мебошад,  ки  аз  ҷониби  ҳукуматҳои  кишварҳои  Осиёи  Марказӣ  оғоз  карда шудааст.  Барнома ба беҳтар намудани алоқаи нақлиёт байни кишварҳои ҳамсоя равона шуда дар  такмилдиҳии таҷрибаҳои истифодабарӣ ва нигоҳдории роҳҳо мусоидат мекунад. Марҳилаи аввали барномаи  CARs,  ки  Ҷумҳурии  Қирғизро  дар  бар  мегирад,  ба  барқарорсозии  алоқаҳои  роҳҳои нақлиётии фаромарзии Тоҷикистон ва вилояти Бодканд равона шудааст.

Марҳилаи  дуввуми  Барномаи  беҳсозии  роҳҳои  нақлиётии  Осиёи  Марказӣ  –  CARs-2  ба барқарорсозии  тақрибан  70  километри  қитъаҳои  роҳи  фаромарзӣ  дар  вилояти  Суғд,  ки  шабакаи роҳҳои  нақлиётии  Тоҷикистонро  бо  Узбекистон  ва  Ҷумҳурии  Қирғиз  мепайвандад,  равона  хоҳад шуд. Бахусус, қитъаҳои роҳе, ки бояд барқарор карда шаванд инҳо мебошанд: Кучкак-Ким-Исфара-минтақаи марзии Гулистон  (45,1  км),  Деҳмой-Пролетарск-  минтақаи марзии Маданият  (16,9 км),  аз он  ҷумла  алоқа  ба  терминали  роҳи  оҳан  дар  Пролетарск  ва  минтақаи  марзии  Конибодом-Патар 

(5,7 км).

«Дар  Тоҷикистон  сатҳи  пайвастшавӣ  аз  ҳама  паст  буда,  кишвари  аз  ҳама  дурдаст  ва  дорои алоқаи  маҳдуди  минтақавӣ  ва  байналмилалӣ  мебошад,  ки  бо  назардошти  релефи  куҳӣ  ва шабакаи  хурди  роҳи  оҳан,  нақлиёти  роҳ  дар  он  ягона  вариант  мебошад,”  – мегӯяд  Патрисия Виверз-Картер,  намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон.  – Тавассути маблағгузории барқарорсозии  роҳҳои  нақлиётии  фаромарзӣ  дар  вилояти  Суғд,  ки  40  фоизи  ҳаракати  умумии нақлиёти боркаш дар кишвар ба он рост меояд, лоиҳа имкониятҳои савдоро васеъ намуда сатҳи рақобатпазирии  маҳсулоти  ватаниро  баланд  мебардорад,  ки  он  ба  рушди  бахши  хусусӣ  ва таъсисдиҳии ҷойҳои корӣ оварда мерасонад.”

Илова  бар  корҳои  барқарорсозӣ,  лоиҳа  Вазорати  нақлиёти  Ҷумҳурии  Тоҷикистонро  дар такмилдиҳии  таҷрибаи  истифодабарии  роҳ  ва  идоракунии  дороиҳо  дастгирӣ  хоҳад  намуд.  Ба  ин анҷом  додани  корҳои  зерин  дохил  мешавад:  дастгирӣ  дар  таҳия  намудани  Стратегияи  рушди бахши  нақлиёт  то  соли  2050,  баррасии  стандартҳои  техникӣ,  меъёрҳо  ва  параметрҳои  вазни воситаҳои нақлиёт, ҳудуди сарборӣ ба тири меҳвар ва нархгузорӣ, инчунин таҳия намудани нақшаи стратегӣ  ҷиҳати  ҷорӣ  намудани  низоми  назорати  сарбории  тири  меҳвар.  

Дар  робита  бо идоракунии  дороиҳо,  лоиҳа  харидорӣ  намудани  таҷҳизоти  геодезиро  (аз  он  ҷумла маълумотномаҳои географӣ) маблағгузорӣ намуда дар ҷорӣ намудани низоми идоракунии дороиҳо дар Вазорати нақлиёт ҷиҳати ҳаллӣ мушкилоти автомашинаҳои изофабор кӯмак мерасонад.

Барномаи CARs-2  аз ҷониби Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар давоми панҷ сол амалӣ мегардад. Ҳаҷми умумии саҳми Бонки ҷаҳонӣ аз 45 миллион долл. ИМА иборат буда, аз он  $38,25  миллион долл. ИМА ҳамчун қарзи имтиёзнок ва  $6,75 миллион долл.ИМА ҳамчун грант пешниҳод мегардад. Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  маблағгузории  муштаракро  дар  ҳаҷми  9  миллион  долл. ИМА таъмин кардааст.  Аз рӯи ҳисобҳо, тақрибан 2,6  миллион нафар аҳолии вилояти Суғд бевоста  аз лоиҳа  баҳра  хоҳанд  бурд,  ки  истифодабарандагони  мунтазами  роҳ  буда  тавассути  қитъаҳои  роҳ сафар хоҳанд намуд.

Сандуқи  фаъоли  Бонки  ҷаҳонӣ  дар  Тоҷикистон  аз  12  лоиҳа  ва  маблағи  умумии  $185.1  миллион доллари  ИМА  иборат  буда  ба  дастгирии  афзоиши  иқтисодӣ  тавассути  рушди  бахши  хусусӣ  ва сармоягузорӣ  ба  беҳсозии  хизматрасониҳои  ҷамъиятӣ  барои  мардум,  ба  монанди  маориф, тандурустӣ,  хизматрасониҳои  коммуналӣ  ва  ҳифзи  иҷтимоӣ  равона  шудаааст.  Аз  соли  1996 инҷониб,  Бонки ҷаҳонӣ маблағи  умумии  $978  миллион долл.ИМА-ро  дар шакли грант ва қарзҳои

имтиёзнок  аз  ҷониби  Ассотсиатсияи  байналмилалии  рушд  ва  захираҳои  фондҳои  мақсаднок  ба Тоҷикистон ҷудо намудааст.

Гуруҳи  Бонки  ҷаҳонӣ  омода  аст,  ки  минбаъд  дастгирии  Тоҷикистонро  идома  диҳад,  азбаски  он ҷиҳати беҳтар намудани зиндагии мардум ва  ва қонеъ гардонидани талаботҳои аҳолии ҷавон ва афзоишёбанда кӯшиш ба харҷ медиҳад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Сохтмон
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон аз кадом ҳисоб рушд мекунад?

Сарфи назар аз пешгӯиҳои мусбат, шарикони рушд интизорӣ доранд, ки иқтисоди Тоҷикистон бо як қатор хавфу чолишҳо дучор мешавад.

Музокироти Эрон ва Амрико бидуни дастёбӣ ба созиш поён ёфт

Он беш аз 20 соат идома кард ва ҳарду кишвар дар мавриди бозгаштан ё нагаштанашон ба музокира изҳори назаре накарданд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Шарифҷон Ҳусейнзодаву Савригул Қурбонова то парвози нахустин инсон ба кайҳон

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.