Шикояти адвокат Ёров нисбати КМИР дар коллегияи Суди олӣ баррасӣ мешавад

Шикояти узви ҲСДТ, адвокат Бузургмеҳр Ёров нисбати Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон имрӯз дар коллегияи Суди олии Тоҷикистон баррасӣ мешавад. Рӯзи 18 феврал прокурор Комил Зоирзода зимни мурофиа оид ба баррасии ин шикоят дар Суди олӣ дархост намуд, ки шикояти кассатсионии мазкур қонеъ карда нашавад, зеро Бузургмеҳр Ёров ба КМИР маълумотнома дар бораи […]

Аваз Юлдошев



Шикояти узви ҲСДТ, адвокат Бузургмеҳр Ёров нисбати Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон имрӯз дар коллегияи Суди олии Тоҷикистон баррасӣ мешавад.

Рӯзи 18 феврал прокурор Комил Зоирзода зимни мурофиа оид ба баррасии ин шикоят дар Суди олӣ дархост намуд, ки шикояти кассатсионии мазкур қонеъ карда нашавад, зеро Бузургмеҳр Ёров ба КМИР маълумотнома дар бораи амволро пешниҳод накарда, гаравпулии интихоботӣ дар ҳаҷми 4 ҳазор сомониро пардохт накардааст ва аз ин рӯ, шикояташ беасос мебошад.

Аммо Ёров дар навбати худ қайд кард, ки ҳеҷ касе ӯро аз пардохти гаравпулӣ огоҳ накардааст ва ӯ омода аст, ки ин маблағро пардохт намояд. «Дигар ҳама ҳуҷҷатҳои заруриро ман ба КМИР пешниҳод кардам ва намедонам, ки онҳо куҷо бедарак шудаанд», – иброз дошт номбурда.

Дар ҳамин ҳол, роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода, ки аз манфиатҳои КМИР дар суд ҳимоя мекард, дар ин робита изҳор намуд, ки мутобиқи меъёрҳои пешбинишуда дар моддаи 35-и Қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи интихобот ба Маҷлиси Олии ҶТ», ҳеҷ касе номзадро дар бораи пардохти гаравпулии интихоботӣ огоҳ намекунад ва ин яке аз шартҳо барои номзадҳо мебошад.

«Ғайр аз ин, Ёров ба КМИР маълумотнома дар бораи амволашро низ пешниҳод накард, ки ҳамчунин ҳуҷҷати зарурӣ барои сабти расмӣ ба сифати номзад ба вакилӣ ба шумор меравад», – таъкид дошт Додозода

Адвокат Бузургмеҳр Ёров санаи 14 январ ба ҳавзаи интихоботии Сомонӣ №8 бо дархости сабти расмии номзадиаш ба вакилӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ муроҷиат намуд, аммо бинобар сабаби ҷой доштани камбудиҳо дар ҳуҷҷатҳояш, ин дархосташ рад шуд.

Дар ҷаласаи рӯзи 12 феврал КМИР аризаи Бузургмеҳр Ёровро баррасӣ намуда, тасмим гирифт, ки қарори қаблан қабулшуда дар бораи рад кардани сабти номзадии Б.Ёров бетағйир гузошта шавад. Пас аз ин адвокат тасмим гирифт, ки аз болои КМИР ба Суди олӣ шикоят мекунад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.