Моҳи март тоҷикистониён 14 рӯз истироҳат мекунанд

Бо назардошти рӯзҳои истироҳат ва рӯзҳои Иди модарону Наврӯз, моҳи марти имсол сокинони Тоҷикистон 14 рӯз истироҳат мекунанд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Федератсияи мустақили иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар ин робита хабар дод, мутобиқи меъёрҳои қонун «Дар бораи рӯзҳои ид», агар иди расмӣ ба рӯзҳои истироҳати шанбе ё якшанбе рост ояд, пас рӯзи кории […]

Аваз Юлдошев



Бо назардошти рӯзҳои истироҳат ва рӯзҳои Иди модарону Наврӯз, моҳи марти имсол сокинони Тоҷикистон 14 рӯз истироҳат мекунанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Федератсияи мустақили иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар ин робита хабар дод, мутобиқи меъёрҳои қонун «Дар бораи рӯзҳои ид», агар иди расмӣ ба рӯзҳои истироҳати шанбе ё якшанбе рост ояд, пас рӯзи кории минбаъда низ рӯзи истироҳат шуморида мешавад.

Масалан, санаи 8 марти имсол, ки Рӯзи модарон ҷашн гирифта мешавад, ба рӯзи истироҳати якшанбе рост меояд, аз ин рӯ, рӯзи дигар – 9 март низ рӯзи истироҳат аст.

Рӯзҳои истироҳат барои таҷлили ҷашни Наврӯз расман 21, 22, 23 ва 24-уми март эълон шудааст ва чун рӯзҳои 21 ва 22 март ба рӯзҳои шанбе ва якшанбе рост меоянд, пас тоҷикистониён боз рӯзҳои 25 ва 26 март низ истироҳат мекунанд.

Ҳамин тариқ, моҳи марти соли равон шаҳрвандони Тоҷикистон 14 рӯз – 1, 7, 8, 9, 14, 15, 21, 22, 23, 24, 25, 26, 28 ва 29 март истироҳат мекунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Сохтмон
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон аз кадом ҳисоб рушд мекунад?

Сарфи назар аз пешгӯиҳои мусбат, шарикони рушд интизорӣ доранд, ки иқтисоди Тоҷикистон бо як қатор хавфу чолишҳо дучор мешавад.

Музокироти Эрон ва Амрико бидуни дастёбӣ ба созиш поён ёфт

Он беш аз 20 соат идома кард ва ҳарду кишвар дар мавриди бозгаштан ё нагаштанашон ба музокира изҳори назаре накарданд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Шарифҷон Ҳусейнзодаву Савригул Қурбонова то парвози нахустин инсон ба кайҳон

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.