Сарбози захмишудаи Вазорати мудофиа аз беэҳтиётӣ ба худаш тир холӣ кардааст



Сарбози аз сараш захмишудаи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Наҷмиддин Қаюмов имрӯз аз Маркази миллии тиббӣ рхсатӣ шуда, ҷиҳати муолиҷаи минбаъда ба госпитали марказии Вазорати мудофиа гузаронида мешавад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати мудофиаи ҶТ дар ин робита иттилоъ дод, сарбози қаторӣ Қаюмов дар ҳузури падару модараш дар суҳбат бо намояндагони қисми низомӣ, ки дар он хизмати ҳарбӣ адо мекард, изҳор доштааст, ки рӯзи 8 феврал ҳангоми адои вазифаи посбонӣ вақти супурдани силоҳ (автомати Калашников) ба хонаи нигаҳдории яроқ аз беэҳтиётӣ нохост ба зери манаҳаш тир холӣ кардааст.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи феврал Наҷмиддин Қаюмов, ки тирамоҳи соли гузашта аз шаҳри Хуҷанд ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон даъват шуда буд, бо захми тир бистарӣ гардид. Ӯ нахуст дар госпитали ҳарбии пойтахт ва сипас дар Маркази миллии тиббӣ бо захми тир дар сараш бистарӣ шуд.

spot_imgspot_img

Популярное