Таъини муовинони нави прокурори генералии Тоҷикистон

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Гвардияи миллӣ ва Кумитаи марказии ташкилоти мададгори мудофиа пешниҳодшударо барои сӯҳбат ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, барои таъин ба вазифаи муовини якуми Прокурори генералӣ номзадии Назарзода Ҳотам […]

ASIA-Plus



Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Гвардияи миллӣ ва Кумитаи марказии ташкилоти мададгори мудофиа пешниҳодшударо барои сӯҳбат ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, барои таъин ба вазифаи муовини якуми Прокурори генералӣ номзадии Назарзода Ҳотам Назрулло, муовинони прокурори генералӣ Осимзода Муҳаммадиброҳим ва Ваҳобов Валӣ Манонович, Муовини прокурори генералӣ-Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Сафаралӣ Раҳим ба Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.

Наимӣ Аламхони Қодирён муовини якум Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия таъин карда шуд.

Ҳамчунин барои таъин ба вазифаи Раиси Кумитаи марказии ташкилоти мададгори мудофиа номзадии Лангариев Файзалӣ Салмонович пешниҳод гардид.

Хотиррасон бояд намуд, ки дар асоси эродҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷаласаи васеи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор гардида буд, роҳбарони аксари воҳидҳои сохтории Прокуратураи генералӣ, прокуророни ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе, Вазорати мудофиа, Гвардияи миллӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия аз вазифа озод гардида ба ҷойи онҳо кадрҳои ҷавону варзида ва соҳибкасб таъин гардиданд. Тағйиротҳои кадрӣ дар мақомоти вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии ин соҳаҳо идома дорад.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки ҳамаи кормандони мақомоти Прокуратура ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ аз аттестатсия гузаронида шаванд.

Зимни сӯҳбат бо кадрҳои ба вазифаҳои масъул пешниҳодшуда Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба хизмати содиқонаю софдилона ба халқу Ватан, бартараф намудани камбудиҳои ҷиддии соҳаҳои мазкур ва муборизаи беамон бо ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои коррупсионӣ ҳидоят намуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.