Муаррифии кордори навтаъини Ҷумҳурии Корея дар Душанбе

Рӯзи  26 феврали соли 2015 дар Душанбе мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо сафири Ҷумҳурии Корея дар Тоҷикистон (иқоматгоҳ дар Тошканд) Ли Ук-хён баргузор гашт. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти суҳбат сафир кордори навтаъиншудаи Ҷумҳурии Корея дар Душанбе Йом Ки Ёнгро муаррифӣ намуд. Гуфта мешавад, дар ҷараёни мулоқот масоили […]

ASIA-Plus



Рӯзи  26 феврали соли 2015 дар Душанбе мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо сафири Ҷумҳурии Корея дар Тоҷикистон (иқоматгоҳ дар Тошканд) Ли Ук-хён баргузор гашт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти суҳбат сафир кордори навтаъиншудаи Ҷумҳурии Корея дар Душанбе Йом Ки Ёнгро муаррифӣ намуд.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни мулоқот масоили рушди муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Зимнан зикр мегардад, ки ҷонибҳо ҳамчунин атрофи рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Корея дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат ва сармоягузорӣ табодули назар намуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Сохтмон

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2026

Аз даргузашти Раҳмон Набиев ва Ҷалол Икромӣ то Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории паркинсон

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.