Боздошти сокини Вахш ба гумони дуздии миқдори зиёди маснӯоти заргарӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи Вахш сокини ҳамин ноҳия Файзигул Шарифоваи 35-сола муроҷиат намудааст, ки рӯзи 25 феврал шахси номаълум пинҳонӣ ба дӯкони тиллофурӯшиаш дар маркази ноҳия ворид шуда, аз он ҷо 97 адад ангуштаринҳои тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, арзиши умумии маснӯоти заргарии дуздидашуда 27 ҳазору […]

ASIA-Plus



Ба ШВКД дар ноҳияи Вахш сокини ҳамин ноҳия Файзигул Шарифоваи 35-сола муроҷиат намудааст, ки рӯзи 25 феврал шахси номаълум пинҳонӣ ба дӯкони тиллофурӯшиаш дар маркази ноҳия ворид шуда, аз он ҷо 97 адад ангуштаринҳои тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, арзиши умумии маснӯоти заргарии дуздидашуда 27 ҳазору 50 сомониро ташкил дода, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯии кормандони милитсия ба гумони даст доштан дар ин ҷиноят сокини маҳаллӣ Рустам Қосимови 39-сола боздошт ва аз ӯ далелҳои шайъӣ гирифта шудаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.