Тасдиқи созишномаи ҳамкории кишварҳои ИДМ оид ба таъмини амнияти иттилоотӣ

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон созишнома дар бораи ҳамкории кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар бахши таъмини амнияти иттилоотиро тасдиқ кард. Зимни шарҳи моҳияти созишномаи мазкур ба вакилон дар ҷаласаи навбатии парлумон муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ Суҳроб Паноев қайд кард, ки созишномаи мазкур аз ҷониби нахуствазирони кишварҳои узви ИДМ 20 ноябри соли 2013 […]

ASIA-Plus



Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон созишнома дар бораи ҳамкории кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар бахши таъмини амнияти иттилоотиро тасдиқ кард.

Зимни шарҳи моҳияти созишномаи мазкур ба вакилон дар ҷаласаи навбатии парлумон муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ Суҳроб Паноев қайд кард, ки созишномаи мазкур аз ҷониби нахуствазирони кишварҳои узви ИДМ 20 ноябри соли 2013 дар шаҳри Санкт-Петербург ба имзо расида буд.

Зимнан зикр гардид, ки ин созишномаро ҳамчунин Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия низ ба имзо расонида, аз ҷониби Озарбойҷон, Молдова, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Украина имзои он рад шудааст.

«Ҳадафи созишномаи мазкур роҳандозии тадбирҳои ҳамоҳангшудаи муштарак дар самти таъмини амнияти иттилоотии кишварҳои иштирокчии созишнома мебошад», – зикр мегардад дар санади мазкур.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.