Вакилони «нав»-и парлумон бидуни баррасӣ ба «ҷонибдорӣ»-и тамоми масъалаҳо овоз доданд

Рӯзномаи ҷаласаи имрӯзаи палатаи поёнии парлумони даъвати нав бидуни баррасии масъалаҳо қабул шуд. Зимни шарҳи лоиҳаҳои қонуну санадҳо ба намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ва аъзои кумитаҳои парлумон аз ҷониби вакилон ҳеҷ саволу пешниҳод ё эроде садо надод. Мавқеъи худро ба ин ё он масъала алҳол танҳо раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров изҳор мекунаду […]

Пайрав Чоршанбиев



Рӯзномаи ҷаласаи имрӯзаи палатаи поёнии парлумони даъвати нав бидуни баррасии масъалаҳо қабул шуд.

Зимни шарҳи лоиҳаҳои қонуну санадҳо ба намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ва аъзои кумитаҳои парлумон аз ҷониби вакилон ҳеҷ саволу пешниҳод ё эроде садо надод.

Мавқеъи худро ба ин ё он масъала алҳол танҳо раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров изҳор мекунаду халос. Ҳамин тариқ, ҳамаи масъалахои рӯзномаи ҷаласа якдилона қабул шуданд.

Аз ҷумла, вакилон тағйироту иловаҳо ба қонунҳо «Дар бораи Буҷети давлатии ҶТ барои соли 2015», «Дар бораи суғуртаи мутақобила», «Дар бораи рӯзҳои ид» ва ба Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмуриро маъқул шуморида, Созишнома дар бораи ҳамкории кишварҳои узви ИДМ дар бахши таъмини амнияти иттилоотӣ ва тасдиқи созишномаи байниҳукуматӣ миёни Тоҷикисттону Эрон дар бораи ҳамкорӣ дар бахши тартиботи ҳуқуқӣ ва таҳкими амниятро тасдиқ карданд.

Қобили зикр аст, ки дар ҷаласаҳои палатаи поёнии парлумони даъвати гузашта як зумра вакилон, аз ҷумла раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ва раиси ҲКТ Шодӣ Шабдолов фаъолона дар баррасии ин ё он масъала ширкат варзида, андешаҳои худро иброз медоштанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.