Боз ба 2 узви «Гурӯҳи 24» дар Тоҷикистон ҳукм содир шуд

Суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт рӯзи 8 апрел нисбати Маҳмадалӣ Ҷобиров ва Муҳаммадризои Шамсзода, ки ба узвият дар созмони фаъолияташ дар Тоҷикистон мнъшудаи «Гурӯҳи 24» муттаҳам дониста мешуданд, ҳукм содир намуд. Зодагони шаҳри Ваҳдат М.Ҷобирови 35-сола ба 3 солу 6 моҳ ва М.Шамсзодаи 23-сола ба 3 соли зиндони низоми умумӣ маҳкум шуданд. Онҳо мутобиқи моддаи […]

ASIA-Plus



Суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт рӯзи 8 апрел нисбати Маҳмадалӣ Ҷобиров ва Муҳаммадризои Шамсзода, ки ба узвият дар созмони фаъолияташ дар Тоҷикистон мнъшудаи «Гурӯҳи 24» муттаҳам дониста мешуданд, ҳукм содир намуд.

Зодагони шаҳри Ваҳдат М.Ҷобирови 35-сола ба 3 солу 6 моҳ ва М.Шамсзодаи 23-сола ба 3 соли зиндони низоми умумӣ маҳкум шуданд. Онҳо мутобиқи моддаи 397, дараҷ. 3 (Ташкили фаъолияти созмони ифротгаро)-и КҶ ҶТ гунаҳкор дониста шуданд.

Зимни қироати ҳукм судя Нурализода Сафарбек қайд кард, ки дар шаҳри Маскав Маҳмадалӣ Ҷобиров бо пешвои «Гурӯҳи 24» Умаралӣ Қувватов робита зич дошта, ба нашри маводи дорои моҳияти ифротгароӣ машғул будааст ва онро аз телефони ҳамроҳ (мобилӣ)-и худ ба шахсони дигар ирсол намуда, ҷавононро ба узвият ба гурӯҳи ҷинояпешаашон даъват мекардааст.

Ба гуфтаи судя, Муҳаммадризои Шамсзода ба он айбдор дониста шудааст, ки дар ноутбукаш акс ва наворҳои видеоӣ аз «Гурӯҳи 24»-ро, ки М.Ҷобиров ба ӯ медодааст, нигаҳдорӣ намуда, вале ба паҳн кардани онҳо фурсат наёфта, боздошт шудааст.

Ёдрас мекунем, ки

нимаи моҳи марти соли равон

суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт нисбати шаҳрвандон Фирдавс Муҳиддинов ва Фарҳод Каримов, ки онҳо низ ба узвият дар созмони фаъолияташ мамнӯъ дар кишвар – «Гурӯҳи 24» айбдор карда мешуданд, ҳукм содир намуда, ҳар кадоме аз онҳо ба 16,5 соли зиндони низомаш шадид маҳкум карда шуд.

Зимни қироати ҳукм рӯзи 14 март судя Ҳотам Раҷабзода изҳор намуд, ки маҳкумшудагон ҳамроҳ бо муассиси «Гурӯҳи 24» Умаралӣ Қувватов ва мухолифи кунунии ҳукумати Тоҷикистон Додоҷони Атовулло ба нашру паҳн кардани маводи ифротгароӣ дар шабакаҳои иҷтимоии Фейсбук, Одноклассники ва видеохостинги YouTube машғул шуда, ҷавононро ба узвият дар ин гурӯҳи ҷинятпеша даъват мекарданд.

Қобили зикр аст, ки 9-уми октябри соли 2014 Суди олии Тоҷикистон 

аризаи Прокуратураи генералии ҷумҳуриро

 қонеъ намуда, ҳаракати мухолифи «Гурӯҳи 24»-ро, ки созмониҳандааш шаҳрванди Тоҷикистон Умаралӣ Қувватов аст,

ифротгаро эълон карда,  

фаъолияти онро дар қаламрави кишвар манъ кард.

Тобистони соли 2012 Умаралӣ Қувватов баъди маҷбуран тарк кардани Тоҷикистон, ҳаракати мухолифи «Гурӯҳи 24»-ро таъсис дод. Ӯ чандин маротиба дар ВАО ҳукуматдорони Тоҷикистонро мавриди интиқоди шадид қарор додааст. Умаралӣ Қувватов 

рӯзи 5 март дар Туркия кушта шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.