Боздошти таҳиягари лотереяҳои қалбакии «Лото-Спорт» дар Суғд

Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ таҳиягари лотереяҳои қалбакӣ (сохта)-и «Лото-Спорт» боздошт шуд. Роҳбари маркази матбуоти Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд Акбар Шарипов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки чанде қабл раҳбарияти ширкати «Лото-Спорт» ба шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Хуҷанд бо ариза муроҷмат намудаанд, ки дар муомилот лотереяҳои сохтаи ин ширкат пайдо шудаанд. «Дар […]

Мавлуда Рофиева



Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ таҳиягари лотереяҳои қалбакӣ (сохта)-и «Лото-Спорт» боздошт шуд.

Роҳбари маркази матбуоти Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд Акбар Шарипов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки чанде қабл раҳбарияти ширкати «Лото-Спорт» ба шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Хуҷанд бо ариза муроҷмат намудаанд, ки дар муомилот лотереяҳои сохтаи ин ширкат пайдо шудаанд.

«Дар ҷараёни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ ба гумони даст доштан дар ин амал сокини 43-солаи шаҳри Исфара А.С. боздошт шуда, ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ 47 дона лотереяҳои сохтаи «Лото-Спорт» дарёфт ва мусодира шуд», – иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи Шарипов, ташхис нишон додааст, ки ин лотереяҳо бо истифода аз техникаи компютерӣ таҳия карда шудаанд. «Аз рӯи ин далел ҷиҳати оғози парвандаи ҷиноӣ мутобиқи моддаи 340 КҶ ҶТ (Сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ,  штамп, муҳр ва бланкаҳои қалбакӣ) тадбирҳо рӯйи кор гирифта мешаванд», – афзуд номбурда.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулугоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Таъсири низоъ дар Ховари Миёна ба иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ. Пешгӯии Бонки ҷаҳонӣ

Коршиносон бар ин назаранд, ки рушди иқтисодӣ дар минтақа то 4,9% поин меравад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Ғуломризо Баҳор то даргузашти Бобо Ҳоҷӣ ва Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ

Иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон аз кадом ҳисоб рушд мекунад?

Сарфи назар аз пешгӯиҳои мусбат, шарикони рушд интизорӣ доранд, ки иқтисоди Тоҷикистон бо як қатор хавфу чолишҳо дучор мешавад.

Музокироти Эрон ва Амрико бидуни дастёбӣ ба созиш поён ёфт

Он беш аз 20 соат идома кард ва ҳарду кишвар дар мавриди бозгаштан ё нагаштанашон ба музокира изҳори назаре накарданд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Шарифҷон Ҳусейнзодаву Савригул Қурбонова то парвози нахустин инсон ба кайҳон