Рӯнамоии китоби «Амнияти рақамӣ» барои журналистон дар Душанбе

Дар Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон имрӯз маросими рӯнамоии китобча (маълуомтнома)-и кисагии «Амнияти рақамӣ» баргузор мешавад. Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) дар ин робита гуфт, ҳодисаҳои ахир дар бахши ВАО-и Тоҷикистон бозгӯи онанд, ки дар мубориза бо озодии баён ва иттилоот дар кишвари мо шикастани почтаҳои электронӣ ва аккаунтҳои журналистон, ҳамчунин […]

Аҳлиддин Салимов



Дар Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон имрӯз маросими рӯнамоии китобча (маълуомтнома)-и кисагии «Амнияти рақамӣ» баргузор мешавад.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) дар ин робита гуфт, ҳодисаҳои ахир дар бахши ВАО-и Тоҷикистон бозгӯи онанд, ки дар мубориза бо озодии баён ва иттилоот дар кишвари мо шикастани почтаҳои электронӣ ва аккаунтҳои журналистон, ҳамчунин фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, гӯш додани гуфтугӯҳои телефонӣ ва дигар киберҷиноятҳо ба чизи маъмулӣ табдил мешаванд.

«Хатарҳо ҳамчунин дар дуздии маълумоти шахсии корбарони технологияҳои рақамӣ (маълумоти шахсӣ, ҳуҷчатҳо) ва аз нигоҳи ҷисмонӣ пайдо кардани макони будубоши шахс (геолокатсия, IP суроғаҳо ва ғайра) низ зоҳир мегарданд», – иброз дошт ӯ.

Раиси АМВАОМТ мутмаин аст, ки хабарнигороне, ки масъалаҳои ҳуқуқи инсонро инъикос мекунанду ба тафтишот машғуланд ва маводи онҳо таваҷҷуҳи ҷомеаи маҳаллӣ ва байнулмилалиро бештар ҷалб мекунад, дар давраи рушди технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ зиёдтар ба хатарҳо мувоҷеҳанд.

Китобча дар доираи лоиҳаи АМВАОМТ «Амнияти рақамӣ барои журналистони тоҷик» бо дастгирии International Media Support (Дания) ба нашр расида, дастурест барои рӯзноманигорон ҷиҳати таъмини амнияти фаъолияти касбӣ ва манбаъҳои маълумоти онҳо.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Таъсири низоъ дар Ховари Миёна ба иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ. Пешгӯии Бонки ҷаҳонӣ

Коршиносон бар ин назаранд, ки рушди иқтисодӣ дар минтақа то 4,9% поин меравад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Ғуломризо Баҳор то даргузашти Бобо Ҳоҷӣ ва Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ

Иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон аз кадом ҳисоб рушд мекунад?

Сарфи назар аз пешгӯиҳои мусбат, шарикони рушд интизорӣ доранд, ки иқтисоди Тоҷикистон бо як қатор хавфу чолишҳо дучор мешавад.