Роҳбари мақомоти милисаи пойтахтро ба нафақа гусел карданд

Рӯзи 8 апрел вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар ҳузури сардорони раёсат ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ собиқ сардори РВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Ҷӯрахонзода Саид Қаюмро  ба муносибати ба нафақа баромаданаш табрик намуда, аз хизматҳои шоиста дар мақомоти корҳои дохилӣ ва саҳми арзандаи гузоштааш дар тарбияи кадрҳои ҷавон ёдовар […]

ASIA-Plus



Рӯзи 8 апрел вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар ҳузури сардорони раёсат ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ собиқ сардори РВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Ҷӯрахонзода Саид Қаюмро  ба муносибати ба нафақа баромаданаш табрик намуда, аз хизматҳои шоиста дар мақомоти корҳои дохилӣ ва саҳми арзандаи гузоштааш дар тарбияи кадрҳои ҷавон ёдовар шуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, Рамазон Раҳимзода барои фаъолияти пурмаҳсул ва заҳматҳои шабонарӯзӣ дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ба  генерал-майори милитсия Ҷӯрахонзода Саид Қаюм изҳори миннатдорӣ намуда, қайд кард, ки боиси ифтихор аст, тӯли солҳои зиёд чунин марди наҷиб бо иродаи қавӣ дар сафи мақомоти корҳои дохилӣ бе нуқсон фаъолият намудааст.  Изҳори боварӣ карда шуд, ки мавсуф минбаъд низ ҳамчун собиқадори ботаҷриба бо мақомоти милитсия дар иртиботу ҳамкорӣ, ҷиҳати тарбияву омодасозии кадрҳои ҷавон саҳми бевоситаи худро мерасонад.

Гуфта мешавад, сардори Раёсати ВКД дар нақлиёт генерал-лейтенанти  милитсия Шералӣ Сабзов ва сардори Воҳиди махсуси ВКД полковники милитсия Бароталӣ Ҳамидзода низ доир ба фаъолияти пурмаҳсул ва хизматҳои шоёни Саид Ҷӯрахонзода дар самтҳои гуногуни мақомоти корҳои дохилӣ ёдовар шуда, изҳор доштанд, ки ҳисси масъулиятшиносӣ ва лаёқату кордонии мавсуф ибратбахши насли ҷавони милитсия мебошад.   

Зимнан зикр мегардад, ки дар маросими тантанавӣ вазири корҳои дохилӣ ба Саид Ҷӯрахонзода «Сипосномаи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва тӯҳфаи хотиравӣ – як адад телевизор тақдим намуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулугоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Таъсири низоъ дар Ховари Миёна ба иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ. Пешгӯии Бонки ҷаҳонӣ

Коршиносон бар ин назаранд, ки рушди иқтисодӣ дар минтақа то 4,9% поин меравад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Ғуломризо Баҳор то даргузашти Бобо Ҳоҷӣ ва Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ

Иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон аз кадом ҳисоб рушд мекунад?

Сарфи назар аз пешгӯиҳои мусбат, шарикони рушд интизорӣ доранд, ки иқтисоди Тоҷикистон бо як қатор хавфу чолишҳо дучор мешавад.

Музокироти Эрон ва Амрико бидуни дастёбӣ ба созиш поён ёфт

Он беш аз 20 соат идома кард ва ҳарду кишвар дар мавриди бозгаштан ё нагаштанашон ба музокира изҳори назаре накарданд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Шарифҷон Ҳусейнзодаву Савригул Қурбонова то парвози нахустин инсон ба кайҳон

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.