Ташрифи раиси Хуҷанд ба оилаҳои ҷавонони саркаш аз хизмати ҳарбӣ

Бо мақсади беҳтар намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва иҷроиши саривақтии нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дастур дод,ки муовинони Раиси шаҳр, роҳбарони кумитаҳои маҳаллаҳо, аъзоёни комиссияи даъват бо волидайни ҷавонписароне, ки аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ мекунанд шахсан мулоқот намоянд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории Хуҷанд, нимаи аввали […]

ASIA-Plus



Бо мақсади беҳтар намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва иҷроиши саривақтии нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дастур дод,ки муовинони Раиси шаҳр, роҳбарони кумитаҳои маҳаллаҳо, аъзоёни комиссияи даъват бо волидайни ҷавонписароне, ки аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ мекунанд шахсан мулоқот намоянд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории Хуҷанд, нимаи аввали рӯзи 8 апрел Раҷаббой Аҳмадзода ба манзили се оила рафт, ки фарзандони онҳо аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ мекунанд.

Гуфта мешавад, даъватшаванда А. Ҳомидов, А. Фозилов ва Н. Қодиров аз адои хизмати ҳарбӣ саркашӣ намуда, бе сабаб ба комиссия даъват ҳозир намешаванд, ҳарчанд ба онҳо намояндагони комиссариати ҳарбӣ то оғози мавсими даъвати имсола даъватномаҳоро супорида огоҳ гардида буданд. Раиси шаҳри Хуҷанд ҳангоми мулоқот бо падару модари ин даъватшавандаҳо, доири  ҷавобгарии фарзандони онҳо дар назди қонун, масъулияти волидайн барои тарбияи сазовори фарзандони худ ёдовар шуд.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳамзамон аз ҷониби Раҷаббой Аҳмадзода ба раисони кумитаҳои маҳаллаҳо супориш дода шуд, ки ҳамкориро бо комиссияи даъват ҳамарӯза дар мадди аввал гузошта, корҳои фаҳмондадиҳиро бо аҳолӣ ва худи ҷавонони синни даъватӣ бештар намоянд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Таъсири низоъ дар Ховари Миёна ба иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ. Пешгӯии Бонки ҷаҳонӣ

Коршиносон бар ин назаранд, ки рушди иқтисодӣ дар минтақа то 4,9% поин меравад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Ғуломризо Баҳор то даргузашти Бобо Ҳоҷӣ ва Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ

Иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон аз кадом ҳисоб рушд мекунад?

Сарфи назар аз пешгӯиҳои мусбат, шарикони рушд интизорӣ доранд, ки иқтисоди Тоҷикистон бо як қатор хавфу чолишҳо дучор мешавад.