Яманро то ҳол 130 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон тарк карданд

Тариқи ҳавопаймоҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Русия имрӯз боз 25 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз Ямани ҷангзада берун бароварда мешаванд. То имрӯз Русияба  аз қаламрави ин кишвар бароврадани 130 нафар шаҳрвнадони Тоҷикистон, ки бо оилахои худ дар Яман кору зиндагӣ мекарданд, мусоидат намуд. Намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии ҶТ Абдулфайз Атоев ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор […]

Мавзуна Абдуллоева



Тариқи ҳавопаймоҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Русия имрӯз боз 25 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз Ямани ҷангзада берун бароварда мешаванд. То имрӯз Русияба  аз қаламрави ин кишвар бароврадани 130 нафар шаҳрвнадони Тоҷикистон, ки бо оилахои худ дар Яман кору зиндагӣ мекарданд, мусоидат намуд.

Намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии ҶТ Абдулфайз Атоев ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки дар рӯйхатҳои аз ҷониби дипломатҳо таҳиягардидаи шаҳрвандони Тоҷикистони муқими Яман ба сурати умум 169 нафар шомил буданд, ки бо кӯдаконашон дар шахри Санъо иқомат мекунанд ва аз ин шумор аллакай 130 нафар тариқи ҳавопаймоҳои КҲФ Русия аз Яман хориҷ шуда, ба ватан баргаштаанд.

«Касоне, ки ба мо муроҷиат мекунанд, мо онҳоро ба рӯйхати шахсони ба кӯчонидан аз Яман эҳтиёҷдошта ворид месозем, аммо табибони тоҷике ҳам ҳастанд, ки хоҳиши тарк кардани ин кишварро надоранд, зеро аз шароити мавҷуда дар он ҷо комилан қаноатманданд», – таъкид дошт Атоев.

Зимнан зикр гардид, ки кормандони намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ ба корҳои аз Яман берун бурдани шаҳрвандони Тоҷикистон идома медиҳанд.

Ёдрас мекунем, ки нахустин шаҳрвандони Тоҷикистон


рӯзи 3 апрел


тариқи ҳавопаймоҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Русия аз қаламрави Яман ба Маскав оварда шуданд.

Қаблан иттилоъ дода будем, ки сохторҳои дахлдори Русия ҷиҳати 


мусоидат ба хориҷ кардани


 шаҳрвандони Тоҷикистон аз Яман омодагӣ изҳор намуданд. Дархости расмӣ ва рӯйхати тоҷикистониёни муқими Яман ба Вазорати корҳои хориҷии Русия фиристода шуда, онҳо ба расонидани кумаки ҳамаҷониба ва мусоидат дар ҳалли масъалаи мазкур омодагӣ изҳор намудаанд.

Мавриди зикр аст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон, ки муваққатан дар пойтахти Яман кору зиндагӣ доранд, аз ҳукуматдорони Тоҷикистон


 даъват карданд,


 ки барои берун шудан аз шаҳри Санъо ва ба ватан баргаштанашон кумак расонанд. Даъватҳои онҳо ҷиҳати кумак дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуданд.

Баъди нашри маълумоти дар боло зикршуда аз ВКХ Тоҷикистон ҳамчунин


иттилоъ доданд,


 ки аксари табибони тоҷики машғули кор дар Яман ба тарк кардани ин кишвар хоҳиш надоранд, зеро аз шароити мавҷуда дар он ҷо комилан розианд.

Қобили зикр аст, ки шаби 26 март Арабистони Саудӣ ва иттифоқчиёни ӯ алайҳи шиаҳои ҳусӣ дар Яман амалиёти низомиро 


оғоз намуданд.


 Аллакай субҳи рӯзи 26 март дар бораи ҳалокати аҳолии осоишта бар асари ҳамлаҳои ҳавоӣ маълумот интишор шуд.

Бино ба иттилои 


радиои «Озодӣ»


, Амрико ва Лигаи Араб аз ҳамлаҳои таҳти раҳбарии Саудия алайҳи шиаҳои ҳусӣ дар Яман пуштибонӣ карда, аммо Эрон хостори хатми билофосилаи ин амалиёт шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон аз кадом ҳисоб рушд мекунад?

Сарфи назар аз пешгӯиҳои мусбат, шарикони рушд интизорӣ доранд, ки иқтисоди Тоҷикистон бо як қатор хавфу чолишҳо дучор мешавад.

Музокироти Эрон ва Амрико бидуни дастёбӣ ба созиш поён ёфт

Он беш аз 20 соат идома кард ва ҳарду кишвар дар мавриди бозгаштан ё нагаштанашон ба музокира изҳори назаре накарданд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Шарифҷон Ҳусейнзодаву Савригул Қурбонова то парвози нахустин инсон ба кайҳон

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.