Раисони шаҳрҳои Нораку Турсунзода аз вазифа озод карда шуданд

Бо фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 9 апрел раисони шаҳрҳои Нораку Турсунзода ва ҳамчунин се ноҳияи кишвар аз вазифаҳояшон озод карда шуданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо қарори ҳукумат сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди ҳукумати ҶТ Сиҷоиуддин Саломзода аз вазифааш озод гардида, иҷрокунандаи вазифаи […]

ASIA-Plus



Бо фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 9 апрел раисони шаҳрҳои Нораку Турсунзода ва ҳамчунин се ноҳияи кишвар аз вазифаҳояшон озод карда шуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо қарори ҳукумат сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди ҳукумати ҶТ Сиҷоиуддин Саломзода аз вазифааш озод гардида, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Турсунзода таъин карда шуд ва дар ин мансаб Бобоалӣ Табарзодаро иваз намуд.

Бо фармони президент Миралӣ Раҷабзода аз мансаби раиси шаҳри Норак барканор гардида, иҷрокунандаи раиси Файзобод таъин гардид ва дар ин вазифа Имомназар Каримиёнро иваз кард. Фатҳулло Ҳурматов раиси нави шаҳри Норак таъин шуд.

Ҳамчунин бо фармони сарвари давлат Саидмурод Тағозода бинобар сабаби ба нафақа баромадан аз мансаби раиси ноҳияи Рӯдакӣ сабукдӯш гардида, ба ҷойи ӯ Муҳаммадраҳим Юсуфӣ раиси ин ноҳия таъин гардид.

Раиси ноҳияи Спитамен Маҷиди Муҳтадӣ низ бо фармони президент аз вазифааш озод карда шуда, Ориф Хоҷаев раиси ноҳияи мазкур таъин гардид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро Амрико аз пазириши ҳамла ба мактаби Миноб “сар мепечад” ва паёмади он чист?

Коршиносон мегӯянд, пазируфтани ин ҷиноят барои Амрико пардохти товону узрхоҳии расмиро талаб мекунад.

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер