Дар Тоҷикистон 849 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд

Дар Тоҷикистон айни замон 849 нафар собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ)-и солҳои 1941-1945 боқӣ мондаанд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз Шӯрои ҷумҳуриявии собиқадорони ҷанг ва коргарони ақибгоҳ маълумот доданд. Раиси Шӯрои мазкур Раҳматулло Қудратов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки аввали сол дар Тоҷикистон 926 собиқадорони ҶБВ ба сар бурда, то имрӯз […]

Лилия Гайсина



Дар Тоҷикистон айни замон 849 нафар собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ)-и солҳои 1941-1945 боқӣ мондаанд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз Шӯрои ҷумҳуриявии собиқадорони ҷанг ва коргарони ақибгоҳ маълумот доданд.

Раиси Шӯрои мазкур Раҳматулло Қудратов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки аввали сол дар Тоҷикистон 926 собиқадорони ҶБВ ба сар бурда, то имрӯз шумори онҳо то 849 нафар кам шуд.

Дар ҳамин ҳол, Р.Қудратов иброз дошт, ки феълан дар Тоҷикистон тақрибан 2518 нафар коргарони ақибгоҳи ҶБВ ва 16 нафар шаҳрвандон аз «оилаҳои дар ҶБВ ҳалокшуда» иқомат доранд.

Ӯ хотиррасон намуд, ки солҳои ҶБВ беш аз 270 ҳазор нафар тоҷикистониён ба ҳимояи ватан сафарбар шуда, зиёда аз 100 ҳазор нафарашон аз майдони набард барнагаштанд. Барои Тоҷикистони тибқи барӯйхатигирии аҳолии соли 1939 гузаронидашуда, ки дорои якуним миллион нафар аҳолӣ буд, ин талафоти бузург маҳсуб меёфт. 54 нафар иштирокчиёни ҶБВ аз Тоҷикистон ба унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сазовор дониста шуданд.

Қобили зикр аст, ки ҳукумати Русия се нафар собиқадорони ҶБВ аз Тоҷикистонро ба Маскав барои иштирок дар гузашти низомии идонаи рӯзи 9 май бахшида ба 70-умин согарди Ғалаба дар ҶБВ


даъват кард.


Боз ҳафт нафар собиқадорони ҷанг аз Тоҷикистонро ҳукумати Русия барои иштирок дар Базм (бал)-и ғолибон, ки рӯзи 9 май низ дар шаҳри Маскав доир мегардад, даъват намудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро Амрико аз пазириши ҳамла ба мактаби Миноб “сар мепечад” ва паёмади он чист?

Коршиносон мегӯянд, пазируфтани ин ҷиноят барои Амрико пардохти товону узрхоҳии расмиро талаб мекунад.

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер