Ҷаримаи посбони маркази савдои «Рӯдакӣ Плаза» барои муомилоти ғайриқонунии асъор

Суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт яке аз посбонони маркази савдои «Рӯдакӣ Плаза» Тоҳир Хурсандовро ҷарима баст. Аз суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки  посбон мутобиқи моддаи 510-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ (Амалисозии фаъолияте, ки иҷозатнома талаб мекунад) айбдор дониста шуда, дар ҳаҷми 400 сомонӣ ба нафъи давлат ҷаримабандӣ шудааст. […]

Мавзуна Абдуллоева



Суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт яке аз посбонони маркази савдои «Рӯдакӣ Плаза» Тоҳир Хурсандовро ҷарима баст.

Аз суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки  посбон мутобиқи моддаи 510-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ (Амалисозии фаъолияте, ки иҷозатнома талаб мекунад) айбдор дониста шуда, дар ҳаҷми 400 сомонӣ ба нафъи давлат ҷаримабандӣ шудааст.

Зимнан зикр гардид, ки парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз руйи ин далел аз ҷониби Прокуратураи генералии ҶТ боз шуда, мурофиаи судӣ таҳти раёсати судя Сафарбек Нурализода баргузор шудааст.

Ҳамчунин қайд шуд, ки дар мурофиаи судӣ посбон Тоҳир Хурсандов ба гуноҳи худ иқрор шуда, иброз доштааст, ки воқеъан ҳам бидуни ҳеҷ як ҳуҷчати тасдиқкунандаи иҷозати анҷом додани амалиёт бо асъор, ба муомилоти ғайриқонунии асъор машғул шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Сохтмон
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2026

Аз даргузашти Раҳмон Набиев ва Ҷалол Икромӣ то Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории паркинсон

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.