Анҷоми мувофиқаи созишномаи транзитӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон ва Покистон

Рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи равон дар Душанбе таҳти раёсати муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Саидраҳмон Назриев ҷаласаи навбатии дурӯзаи Гурӯҳи корӣ байни намояндагони ҷумҳуриҳои ҳамҷавори Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон ба кор шурӯъ намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, дар ҷаласа Созишномаи тиҷорати транзитӣ байни ҳукуматҳо Покистон, Афғонистон […]

Пайрав Чоршанбиев



Рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи равон дар Душанбе таҳти раёсати муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Саидраҳмон Назриев ҷаласаи навбатии дурӯзаи Гурӯҳи корӣ байни намояндагони ҷумҳуриҳои ҳамҷавори Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон ба кор шурӯъ намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, дар ҷаласа Созишномаи тиҷорати транзитӣ байни ҳукуматҳо Покистон, Афғонистон ва Тоҷикистон мавриди баррасӣ ва мувофиқа қарор мегирад.

Гуфта мешавад, санади дахлдор вобаста ба лоиҳаи Созишномаи мазкур баъди анҷоми ҷаласаи Гурӯҳи корӣ, имрӯз 10 апрел қабул карда мешавад.

Ба гуфтаи Саидраҳмон Назриев, ин санад ба таҳкими ҳамкориҳои тиҷоратӣ миёни кишварҳо мусоидат намуда, долони нақлиётӣ, ки дар лоиҳа пешбинӣ шудааст, сатҳи тиҷорати минтақавӣ ва ҳаҷми ҷалби сармоягузориҳои хориҷиро бамаротиб меафзояд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Сохтмон
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокироти Эрон ва Амрико бидуни дастёбӣ ба созиш поён ёфт

Он беш аз 20 соат идома кард ва ҳарду кишвар дар мавриди бозгаштан ё нагаштанашон ба музокира изҳори назаре накарданд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Шарифҷон Ҳусейнзодаву Савригул Қурбонова то парвози нахустин инсон ба кайҳон

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2026

Аз даргузашти Раҳмон Набиев ва Ҷалол Икромӣ то Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории паркинсон