СААД истеҳсоли маҳсулоти саноати ҳарбӣ дар Тоҷикистонро роҳандозӣ карданист

Дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон вохӯрии вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Шавкат Бобозода бо раиси Шӯрои кории назди Комиссияи байнидавлатии Созмони Аҳдномаи амнияти  дастаҷамъӣ (СААД) Ноздрачев Александр Василевич ва мушовири Котиботи СААД Никулшин Константин Анатолевич  баргузор гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати мазкур, зимни мулоқот масъалаҳои ба миён омада дар миқёси  […]

ASIA-Plus



Дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон вохӯрии вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Шавкат Бобозода бо раиси Шӯрои кории назди Комиссияи байнидавлатии Созмони Аҳдномаи амнияти  дастаҷамъӣ (СААД) Ноздрачев Александр Василевич ва мушовири Котиботи СААД Никулшин Константин Анатолевич  баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати мазкур, зимни мулоқот масъалаҳои ба миён омада дар миқёси  СААД ҷиҳати ҳамкориҳои судманд дар самти истеҳсоли маҳсулоти саноати мудофиавӣ, ташкили корхонаҳои муштарак оид ба коркарди тибити пахтагин ва дар оянда ташкил кардани истеҳсолоти селлюлоза дар заминаи КВД «Нури Ховар», истеҳсоли матоъ, сару либос  барои ташкилотҳои мудофиавӣ дар заминаи ҶММ «Хуҷанд Инвест Котон» баррасӣ шуданд.

Гуфта мешавад, ҳамчунин атрофи масъалаи дар миқёси СААД ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷонибаи ширкати бузурги истеҳсоли пойафзол «Фариде»-и Россия бо ҶММ «Пойафзоли чармӣ» барои истеҳсоли пойафзоли чармӣ бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизотҳои замонавӣ табодули назар сурат гирифт.

Нимаи моҳи марти соли ҷорӣ дабири кулли СААД Николай Бордюжа зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе


изҳор намуда буд,




ки Созмони масъалаи имкони роҳандозии ҳамкории корхонаҳои Тоҷикистону Русия бо мақсади истеҳсоли молу таҷҳизоти таъиноти низомиро баррасӣ дорад.

«Чанде аз корхонаҳои Тоҷикистон, ки қаблан дар соҳаи саноати ҳарбӣ фаъолият доштанду имконоти худро аз даст надодаанд, имрӯз метавонистанд ҷиҳати истеҳсоли ин ё он маҳсулот барои комплекси саноати низомии ҳам Русия ва ҳам дигар кишварҳо фармоиш гиранд», – гуфт буд дабири кулии СААД.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро Амрико аз пазириши ҳамла ба мактаби Миноб “сар мепечад” ва паёмади он чист?

Коршинос мегӯянд, пазируфтани ин ҷиноят барои Амрико пардохти товону узрхоҳии расмиро талаб мекунад.

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер