Иқдоми муштараки хайрияи муассисаҳои шабакаи барқи Хуҷанду Чкаловск

Идораҳои шабакаҳои барқи шаҳрҳои Хуҷанд ва Чкаловски вилояти Суғд як иқдоми хайрияи муштаракро роҳандозӣ намуда, маросими хатнатӯйи дастаҷамъонаи 13 нафар аз оилаҳои камбизоатро баргузор карданд. Корманди идораи шабакаҳои барқи шаҳри Хуҷанд Шоира Хоҷаева ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки аз ин шумор 11 нафарашон фарзандони кормандони шабакаҳои барқи Хуҷанди Чкловск буда, 2 нафар […]

Баҳром Файзуллоев



Идораҳои шабакаҳои барқи шаҳрҳои Хуҷанд ва Чкаловски вилояти Суғд як иқдоми хайрияи муштаракро роҳандозӣ намуда, маросими хатнатӯйи дастаҷамъонаи 13 нафар аз оилаҳои камбизоатро баргузор карданд.

Корманди идораи шабакаҳои барқи шаҳри Хуҷанд Шоира Хоҷаева ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки аз ин шумор 11 нафарашон фарзандони кормандони шабакаҳои барқи Хуҷанди Чкловск буда, 2 нафар кӯдакон аз оилаҳои камбизоати шаҳри Хуҷанд мебошанд.

Ба қавли Ш.Хоҷаева, ба ин муносибат энергетикҳо дар тарабхонаи «Истироҳат» барои кӯдакон ва волидону наздикони онҳо дастурхони идона ороста, ин чорабинии хайрро пуршукӯҳ баргузор намуданд.

Сардори идораи Шабакаҳои барқи шаҳри Хуҷанд Набиҷон Иброҳимзода ҳозиронро бо тӯйи суннатиашон табрик гуфта, ба кӯдакон дучархаи кӯдакона, тӯҳфаҳои хотиравӣ, либосу дигар лавозимоти кӯдакона тақдим намуд.

Қобили зикр аст, ки аз оғози сол бо мусоидату дастгирии ҳукумати шаҳри Хуҷанд корхонаву ташкилотҳо маросими хатнатӯйи 76 нафар кӯдакон аз оилаҳои камбизоати шаҳрро баргузор карданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро Амрико аз пазириши ҳамла ба мактаби Миноб “сар мепечад” ва паёмади он чист?

Коршинос мегӯянд, пазируфтани ин ҷиноят барои Амрико пардохти товону узрхоҳии расмиро талаб мекунад.

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер