Дарёфти боз се ҷасад аз зери ярч дар деҳаи Яккабеди Файзобод

Сокинони деҳаи Яккабеди ноҳияи Файзобод ҳамроҳ бо наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ)-и назди ҳукумати ҶТ субҳи имрӯз, 10 апрел ҷасади боз се нафар ҳалокшудагон аз зери ярчро пайдо карданд. Ҷасади Маъсуд Толибови 19-сола субҳи рӯзи сешанбеи ҳамин ҳафта, 7 апрел дарёфт шуда буд. Сокинони ноҳияи Файзобод, ки дар ҷустуҷӯи ҷасадҳои […]

Мавзуна Абдуллоева



Сокинони деҳаи Яккабеди ноҳияи Файзобод ҳамроҳ бо наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ)-и назди ҳукумати ҶТ субҳи имрӯз, 10 апрел ҷасади боз се нафар ҳалокшудагон аз зери ярчро пайдо карданд. Ҷасади Маъсуд Толибови 19-сола субҳи рӯзи сешанбеи ҳамин ҳафта, 7 апрел дарёфт шуда буд.

Сокинони ноҳияи Файзобод, ки дар ҷустуҷӯи ҷасадҳои ҳалокшудагон зери ярч иштирок доранд, ба «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ҷасадҳои Худойбердӣ Одинаеви 52-сола, Наим Қурбонови 26-сола ва Саид Ҷалилови 18-сола дарёфт гардида, ҷустуҷӯи ҷасадҳои боқимонда идома дорад, вале дар ин ҷустуҷӯи боқимонда ҷасадҳо дигар техникаҳои КҲФ истифода намешаванд.

Котиби матбуотии КҲФ ва МГ Ориф Нозимов ба «Азия-Плюс» қаблан дар ин робита иттилоъ дода буд, ки Кумита ба ҷустуҷӯи ҷасадҳои боқимонда дар зери ярч хотима бахшида, комиссияи муштарак ба хулосае расидааст, ки вазифаи аввалиндараҷа гузаронидани хатти об ба деҳа аст, аз ин рӯ, истифодаи техника қатъ ва кормандони Кумита ба кашидани хатти обгузар (водоповод) ба Яккабед машғуланд.

Ба гуфтаи Нозимов, дар корҳои ҷустӯҷӯи ҷасадҳои ҳалокшудагон 100 нафар сокинони маҳаллӣ ва ҳамчунин 99 нафар кормандони КҲФ ва МГ иштирок карда, ба маҳалли ҳодиса 2 адад трактор, 5 автомобили «УАЗ» ва «Нива» сафарбар шудаанд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 3 апрел бар асари лағжиши як теппа  дар деҳаи Яккабеди ноҳияи Файзобод беш аз 10 нафар ба ҳалокат расиданд. Онҳо тариқи ҳашар ба таъмир ва насби қубури обгузар машғул буданд. Худи ҳамон рӯз ҷасади 2 нафар – Шодмон Умарови 25-сола ва Маҳмад Умарови 28-сола аз зери ярч дарёфт шуда буд. Айни замон ҷасадҳои боз 4 тан аз сокинони деҳа зери ярч боқӣ мондааст.

КҲФ ному насаби қурбониёни ярчро эълом дошта буд, ки инҳоанд: Алимардонов Шодмон, соли тавалудаш 1990; Умаров Маҳмад, с/т 1987; Одинаев Худойбердӣ, с/т 1963; Абдуллоев Исломиддин, с/т 1989; Ҷалилов Саид, с/т 1997; Кабиров Далер, с/т 1998; Нуров Фахриддин, с/т 1986; Толибов Мақсуд, с/т 1996; Қурбонов Наим, с/т 1979 ва Шодиев Мақсад, с/т 1986.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли оила ва наздикони фавтидагон тасаллият изҳор намуда, дастур дод, ки ба онҳо кумаки зарурӣ расонида шавад. Тибқи баъзе маълумот, бо дастури Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар кадоме аз оилаҳои фавтидагон 10 ҳазор сомонӣ маблағи пулӣ дода шуда, онҳо ҳамчунин бо маҳсулоти ғизойӣ таъмин карда шуданд.

Раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон Рустам Латифзода ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ низ ба сокинони деҳаи Яккабед ҳамдардӣ изҳор намуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро Амрико аз пазириши ҳамла ба мактаби Миноб “сар мепечад” ва паёмади он чист?

Коршинос мегӯянд, пазируфтани ин ҷиноят барои Амрико пардохти товону узрхоҳии расмиро талаб мекунад.

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер