Ислом Каримов бори чаҳорум зимоми қудратро ба даст гирифт

Имрӯз, 10 апрел дар Тошканд зимни ҷаласаи муштараки Сенат (палатаи болоӣ) ва Палатаи қонунгузор (палатаи поёнӣ)-и парлумони Ӯзбекистон маросими савгандёдкунии президенти тозаинтихоб Ислом Каримов баргузор шуд. Бино ба иттилои CA-NEWS , дар ин маросим аъзои Комиссияи марказии интихобот ва ҳукумати Ӯзбекистон, судяҳои суди Конститусионӣ, роҳбарони намояндагиҳои дипломатии муқими Тошканд иштирок доштанд. Раиси Комиссияи марказии интихоботи […]

ASIA-Plus



Имрӯз, 10 апрел дар Тошканд зимни ҷаласаи муштараки Сенат (палатаи болоӣ) ва Палатаи қонунгузор (палатаи поёнӣ)-и парлумони Ӯзбекистон маросими савгандёдкунии президенти тозаинтихоб Ислом Каримов баргузор шуд.

Бино ба иттилои

CA-NEWS

, дар ин маросим аъзои Комиссияи марказии интихобот ва ҳукумати Ӯзбекистон, судяҳои суди Конститусионӣ, роҳбарони намояндагиҳои дипломатии муқими Тошканд иштирок доштанд.

Раиси Комиссияи марказии интихоботи Ӯзбекистон Мирзо-Улуғбек Абдусаломов ба Ислом Каримов шаҳодатномаи президенти Ӯзбекистонро супурд. Сипас президенти интихобшудаи кишвар дасташро дар як вақт ба Конститутсия ва китоби Қуръон гузошта, савганди вафодорӣ ёд кард ва уҳдадор шуд, ки «қонунҳо ва Конститутсияро қатъиян риоя мекунад, ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандонро кафолат медиҳад». Пас аз савгандёдкунӣ Ислом Каримов суханронӣ кард.

Дар интихоботи рӯзи 29 марти соли равон доиргардида Ислом Каримов бо касби 90,39%-и овозҳо (бо иштироки 91,08%-и интихобкунандагон) президенти Ӯзбекистон интихоб шуд. Рақибони ӯ ҳатто 5%-и овозҳоро ба даст оварда натавонистанд, ҳарчанд барои сабти номзадиашон ба мансаби президентӣ маҳз ҳамин миқдор имзои ҷонибдоронашонро пешниҳод карда буданд.

Ислом Каримов ҳанӯз аз замони шӯравӣ, аз соли 1989 зимоми қудрат дар ин кишвари ҳамсояро дар даст дорад. Бино ба иттилои хабаргузории

Фергана

, соли 1991 ӯ аз ҷониби Ҳизби халқӣ-демократӣ (собиқ Ҳизби коммунисти ҶШС Ӯзбекистон) ва соли 2000 аз ҷониби ҳизби «Фидокорлар», ки баъдан бо ҳизби «Миллий тикланиш» (Эҳёи миллӣ) ҳамроҳ шуд, номзад ба мансаби президентӣ пешбарӣ шуда буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Сохтмон

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2026

Аз даргузашти Раҳмон Набиев ва Ҷалол Икромӣ то Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории паркинсон

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.

Бонки осиёии рушд болоравии иқтисоди Тоҷикистонро дар соли равон 7,3% пешгӯӣ мекунад

Ин ниҳоди байнулмилалии молиявӣ нақши калидии саноатро барои рушди устувор зикр кардааст.