Кӯлоб: Афзоиши шумори гирифторӣ ба бемории СПИД тариқи алоқаи ҷинсӣ

Тӯли 3 моҳи соли равон дар 10 ноҳияи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон 38 нафар гирифторони бемории Вируси норасоии масунияти одам ва Бемории норасии муҳассали масуният( ВНМО/БНММ, ВИЧ/СПИД) ошкор карда шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12 нафар зиёдтар аст. Директори Маркази мубориза ва пешгирии бемории ВНМО/БНММ дар минтақаи Кӯлоб Тоҳир Туманов ба «Азия-Плюс» […]

Турко Дикаев



Тӯли 3 моҳи соли равон дар 10 ноҳияи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон 38 нафар гирифторони бемории Вируси норасоии масунияти одам ва Бемории норасии муҳассали масуният( ВНМО/БНММ, ВИЧ/СПИД) ошкор карда шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12 нафар зиёдтар аст.

Директори Маркази мубориза ва пешгирии бемории ВНМО/БНММ дар минтақаи Кӯлоб Тоҳир Туманов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки аз шумори умумии ба ин беморӣ гирифторшудагон 26 нафарашон мардон мебошанд.

Ба гуфтаи ӯ, вазъ аз он ташвишовар мегардад, ки ахиран шумори занони синнусоли қобили таваллуд (репродуктивӣ)-и гирифтор ба ин беморӣ меафзояд ва миёни 38 нафари беморони имсол ва соли гузашта ошкоршуда низ 12 нафарро занон ташкил медиҳанд.

«Тамоили дигари ташвишовар он аст, ки сафи афроди тариқи алоқаи ҷинсӣ ба ин беморӣ гирифторшуда низ афзуда, дар семоҳаи аввал ба 32% аз шумори умумӣ баробар аст. Қаблан маъмулан шумори шахсони тариқи сӯзандору ба ин беморӣ мубталошдуа зиёдтар буд», – иброз дошт номбурда.

Тибқи маълумоти Туманов, аз оғози сол 60 нафар ин гуна беморон барои муолиҷа қабул шуда, 1 нафар аз онҳо фавтидааст. «Ба санаи 1 апрели соли 2015 (дар маҷмӯъ аз оғози бақайдгирӣ) шумори умумии беморони гирифтори ВНМО/БНММ дар минтақаи ҷануби кишвар 913 нафарро ташкил медиҳад, ки 206 нафари онҳо фавтидаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Сохтмон

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2026

Аз даргузашти Раҳмон Набиев ва Ҷалол Икромӣ то Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории паркинсон

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.