Кумаки Ҷопон ба бунёди Маркази бонувон дар Қумсангир

Сафири Ҷопон дар Тоҷикистон (қароргоҳ дар Қирғизистон) Такаюкӣ Коике рӯзи 9 апрели соли 2015 барои мушорикат дар маросими анҷом ёфтани «Лоиҳаи сохтмони Маркази бонувон дар ноҳияи Қумсангир» ба ноҳияи Қумсангир ташриф овард. Тавре аз сафорати Ҷопон дар ҶТ хабар доданд, дар чаҳорчӯбаи Барномаи Ҳукумати Ҷопон оид ба кӯмакҳои бебозгашт ва амнияти башарӣ барои бахши аъзами […]

Иттилоияи расмӣ



Сафири Ҷопон дар Тоҷикистон (қароргоҳ дар Қирғизистон) Такаюкӣ Коике рӯзи 9 апрели соли 2015 барои мушорикат дар маросими анҷом ёфтани «Лоиҳаи сохтмони Маркази бонувон дар ноҳияи Қумсангир» ба ноҳияи Қумсангир ташриф овард.

Тавре аз сафорати Ҷопон дар ҶТ хабар доданд, дар чаҳорчӯбаи Барномаи Ҳукумати Ҷопон оид ба кӯмакҳои бебозгашт ва амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ ба созмони ҷамъиятии «Моҳи Мунир» аз тарафи Ҳукумати Ҷопон маблағи умумии 113 ҳазору 348 доллари ИМА барои сохтмони маркази мазкур дастрас гашта буд.

Гуфта мешавад, қаблан Маркази бонувон бинои алоҳида надошта дар бинои истиқоматӣ ҷойгир буд, ки барои фаъолиятҳои гуногуни марказ кофӣ набуд. Алъон бо сохтмони бинои нави дуошёна воқеъ дар маркази ноҳия, Маркази бонувон дорои фазои кофӣ барои гузаронидани кулли фаъолиятҳо, аз ҷумла курсҳои компютерӣ ва дӯзандагӣ, хизматрасониҳои машваратҳои оилавӣ  ба занони ноҳияи Қумсангир ва гирду атрофи он мебошад. Омӯзишҳо ва хизматрасониҳо дар Маркази мазкур аз тарафи дигар донорҳои маҳалӣ ва байналмиллалӣ низ дастгирӣ меёбанд.

Зимнан зикр мегардад, ки биноан ҳукумати Ҷопон тасмим гирифтааст, ки дар оянда низ дар ҳамкорӣ бо мардуми Тоҷикистон баҳри бунёд сохтани ҷомеаи беҳтар кӯмаки хешро идома медиҳад.

Кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ тарҳи Барномаи расмии Ҷопон оид ба рушд мебошад. Алалхусус, лоиҳаҳои кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ барои дастгирӣ намудани соҳаҳои мухталифи бахши аъзами аҳолӣ дар сартосари Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудаанд. Кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ ба ҳокимиятҳои маҳаллӣ, соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, ҳамчунин ба созмонҳои ғайридавлатӣ расонида мешавад. Аз соли 1996 то инҷониб, кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ 341 лоиҳаро ба маблағи умумии $27.6 миллион доллари ИМА дар Тоҷикистон амалӣ намудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Сохтмон
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2026

Аз даргузашти Раҳмон Набиев ва Ҷалол Икромӣ то Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории паркинсон

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.