Дар пайи ҳамлаи Толибон ба прокуратура 10 тан ҳалоку 60 нафар захмӣ шуданд

Силоҳбадастони ҷунбиши террористии «Толибон» ба бинои прократураи генералии шаҳри Мазори Шарифи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳамла оварданд. Бино ба иттилои сомонаи расмии шабакаи телевизиони «Ҷаҳоннамо», бар асари ҳуҷуми ногаҳонӣ 10 нафар ба ҳалокат расида, 60 тани дигар захмӣ шуд. Гуфта мешавад, даргирии шадиди мусаллаҳона миёни ҳамлагарон ва кормандони воҳидҳои низомии Афғонистон 9 соат тӯл кашида, дар […]

ASIA-Plus



Силоҳбадастони ҷунбиши террористии «Толибон» ба бинои прократураи генералии шаҳри Мазори Шарифи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳамла оварданд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии шабакаи телевизиони «Ҷаҳоннамо», бар асари ҳуҷуми ногаҳонӣ 10 нафар ба ҳалокат расида, 60 тани дигар захмӣ шуд.

Гуфта мешавад, даргирии шадиди мусаллаҳона миёни ҳамлагарон ва кормандони воҳидҳои низомии Афғонистон 9 соат тӯл кашида, дар пайи тирпарронии мутақобила ҳамаи ҳамлагарон кушта шуданд.

Зимнан зикр мегардад, дар ин ҳодиса ба прокурори генералии шаҳри Мазори Шариф осеб нарасидааст. Шаҳри Мазори Шариф маркази маъмурии вилояти Балх ба шумор меравад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.