Ду рӯз пеш аз анҷоми оташбас. Гуфтугӯҳо аз эҳтимоли даври дуввуми музокирот ва шиддати вазъ атрофи гулӯгоҳи Ҳурмуз

Раисҷумҳури Амрико бори дигар таҳдиди ҳамла ба нерӯгоҳу пулҳои Эрон кардааст.

Ду рӯз пеш аз анҷоми муҳлати оташбаси дуҳафтаинӣ миёни Амрико ва Эрон, ки 22-юми апрел ба охир мерасад, расонаҳо аз эҳтимоли як даври дигари музокира миёни ин ду кишвар дар Покистон гузориш медиҳанд. Ҳамчунин, бо наздик шудани муҳлат, вазъ атрофи тангаи Ҳурмуз низ шиддат меёбад.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико тасдиқ кардааст, ки ҳайати музокиракунандаи ин кишвар ба Исломобод сафар мекунад. Кохи Сафед гуфтааст, ки тими музокиракунандаи амрикоӣ иборат аз ҳайати қаблӣ аст: Ҷей Ди Вэнс, ноиби раисҷумҳури Амрико, Стиф Уиткофф, фиристодаи вижаи Амрико дар Ховари Миёна, Ҷаред Кушнер, домоди Доналд Трамп.

Қабл аз ин, раисҷумҳури Амрико гуфта буд, ба далели амниятӣ ноибаш дар ин давр иштирок нахоҳад кард. Вале “ББС” аз қавли манобеи худ дар Кохи Сафед навишт, ки Ҷей Ди Вэнс ин ҳайатро роҳбарӣ хоҳад кард ва ин ҳайат субҳи имрӯз, 20-уми апрел ба роҳ баромад.

Вале Эрон иштироки ҳайаташро дар ин даври музокирот ҳанӯз тасдиқ накардааст. Дар ҳамин ҳол, хабаргузории нимарасмии “Форс” менависад, ки “то замони идомаи муҳосираи дарёӣ тавассути Амрико, Эрон нишасти дуввуми Исломободро баррасӣ нахоҳад кард”. Аммо расонаҳо менависанд, ки да сурати ширкати ҳайати Амрико дар музокирот дар сатҳи Ҷей Ди Вэнс, эҳтимол ҳайати эрониро ҳам мисли давраи пешин Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси парлумони Эрон намояндагӣ кунад.  

Дар ҳамин ҳол, расонаҳо менависанд, ки Исломобод барои даври нави гуфтугӯҳо миёни Амрикову Эрон омодагӣ мегирад.

Масъуд Пизишкиён, акс аз Getty Images

Шаҳбоз Шариф, сарвазири ин кишвар рӯзи гузашта бо Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон телефонӣ суҳбат кардааст. Пизишкиён муҳосираи дарёии Амрикоро “идомаи иқдомҳои таҳрикомез ва ғайриқонунӣ” ва нақзи оташбас хонд ва гуфтааст, чунин изҳоротҳои таҳдидомези мақомоти амрикоӣ “бадгумонӣ нисбат ба ҷиддияти Амрико”-ро бештар мекунад.

Таниш атрофи гулӯгоҳи Ҳурмуз

Гуфтугӯҳо аз даври дуввуми музокирот дар ҳолест, ки Доналд Трамп 19-уми апрел дар саҳифаи худ дар “Truth Social” бори дигар Эронро таҳдид кард ва навишт, агар Эрон пешниҳоди “одилона ва маъқул”-и Амрикоро напазирад, “тамоми нерӯгоҳҳо ва пулҳои Эронро нобуд хоҳад кард”. Ӯ ҳамчунин, иддао кардааст, ки Эрон оташбасро бо дубора бастани тангаи Ҳурмуз нақз кардааст.

Эрон сабаби дубора бастани ин гулӯгоҳро ба идома муҳосираи бандарҳои ҷанубиаш аз сӯи Амрико рабт дод.

Доналд Трамп, акс аз EPA

Дар ҳамин ҳол, субҳи 20-уми апрел Доналд Трамп гуфт, нерӯҳои баҳрии кишвараш ба сӯйи як киштӣ бо парчами Эрон тир холӣ ва онро боздошт кардаанд.

Ба гуфтаи ӯ, киштии “Туска” ба ҳушдорҳои низомиёни Амрико бетаваҷҷуҳӣ карда, талоши гузаштан аз муҳосираи баҳрии Иёлоти Муттаҳидаро доштааст. Трамп афзуд, ки нерӯҳои Амрико ин киштиро дар баҳри Уммон боздошт кардаанд ва туфангдорони ин кишвар ҳоло идораи онро дар даст доранд.

Пас аз ин эълони раисҷумҳури Амрико, Қароргоҳи марказии Хотамуланбиёи Сипоҳи посдорони Эрон тирандозӣ ба киштии эронӣ ва боздошти онро “нақзи оташбас” хонда, ваъда дод, ки ба зудӣ ба ин “дуздии дарёӣ”-и Артиши Амрико посух дода, интиқом хоҳанд гирифт.

Бояд гуфт, оташбаси дуҳафтаӣ миёни Амрико ва Эрон пас аз 40 рӯз ҷанг 7-уми апрел шуруъ шуд ва 22-уми апрел ба поён мерасад. Дар ин миён, ҷонибҳо рӯзҳои 11 ва 12-уми апрел беш аз 20 соат гуфтугӯ карданд, ваде ба ҳеҷ созише нарасиданд.

Акс аз сомонаи OPB

Дар даври аввали ин музокирот чӣ гузашт, дар ин матлаби мо хонед. Ҳайатҳои ду ҷониб аз киҳо иборат аст, дар матлаби мо “Музокироти Эрону Амрико дар Исломобод: Чеҳраҳои аслӣ кистанд?” мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.