Маросими хатми шунавандагони барномаи таълимии ДОМ дар Душанбе

Дар Донишкадаи идоракунии давлатӣ ва сиёсати Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДИДС ДОМ) маросими хатми шунавандагони барномаи таълимӣ дар соҳаи таҳлили сиёсати давлатӣ дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти ҶТ 9 апрели соли 2015 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Ин барнома дар ҳамкории байни  ДОМ ва ДИД гузаронида шуд. «Барнома дар соҳаи таҳлили сиёсати давлатӣ, курси босуръати […]

ASIA-Plus



Дар Донишкадаи идоракунии давлатӣ ва сиёсати Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДИДС ДОМ) маросими хатми шунавандагони барномаи таълимӣ дар соҳаи таҳлили сиёсати давлатӣ дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти ҶТ 9 апрели соли 2015 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Ин барнома дар ҳамкории байни  ДОМ ва ДИД гузаронида шуд.

«Барнома дар соҳаи таҳлили сиёсати давлатӣ, курси босуръати таълимӣ буда , аз ҷониби мутахассисони вариза барои хизматчиёни давлатии давлатӣ ва таҳлилгарони Осиёи Марказӣ, ки дар он шунавандагон бо истилоҳотҳои муҳим  ва усулҳои таҳлили сиёсати давлатӣ шинос шуданд», – иброз дошт Директори Генералии ДОМ доктор Богдан Кравченко дар баромади худ дар хатми барнома ва меҳмонони ин чорабинӣ. – Мо хело хушнудем, ки чунин барномаро дар Тоҷикистон бо ҳамкорӣ бо ДИД ба роҳ мондем».

Дар чорабинӣ Лутфия Абдулхолиқзода-ректори Донишкадаи идоракунии давлатӣ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, (ДИД) Ҷаноби Қосимзода Гурез- муовини аввали Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Тоҷиддин Ҷуразода-ҳамоҳангсози Гурӯҳи ислоҳоти идоракунии давлатӣ аз Дастгоҳи иҷроияи Президент  ва дигарон ширкат варзиданд.

«Гузаронидани чунин барнома оид ба тайёркунии касбӣ ва азнавтайёркунӣ хизматчиёни давлатӣ барои мо муҳим ва саривақтӣ мебошад. Итминони комил дорам, ки пас аз анҷоми бомуваффақияти барнома, маҳорату малакаҳои таҳлилии иштирокчиён дар соҳаи идоракунии давлатӣ хело баланд шуд. Мо умедворем, ки онҳо донишҳои ба дастовардаро метавонанд дар фаъолияти касбӣ ва инчунин дар таҳияи ҳуҷҷатҳои таҳлилӣ истифода баранд», – гуфт  Абдулхолиқзода Лутфия, Ректори ДИД -и назди Президенти ҶТ.

Барномаи омӯзишӣ дар соҳаи таҳлили сиёсати давлатӣ барои хизматчиёни давлатӣ таҳлилгарони мустақил, кормандони марказҳои таҳлилӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ тартиб дода шуда, аз чор модул иборат аст;  раванди таҳияи сиёсати давлатӣ; иқтисодиёт барои таҳлили сиёсати давлатӣ; усулҳои таҳлили сиёсати давлатӣ; мониторинг ва арзёбии сиёсати давлатӣ. Дар охири барнома, ҳар як иштирокчии кори тахассусӣ тайёр намуда, дар назди комиссия, ки муҳаққиқони ботаҷриба ва кормандони баландпояи давлатӣ иборат аст, ҳимоя мекунад.

Дар соли 2014, ДОМ барнома дар соҳаи таҳлили сиёсати давлатӣ дар якҷоягӣ, барои хизматчиёни давлатӣ аз Қирғизистон, Тоҷикистон ва Афғонистон дар шаҳри Бишкек ва Душанбе гузаронид. Барнома дар сатҳи зарурӣ ташкил карда шуд ва иштирокчиён имкони ҳам кор ва ҳам таҳсилро доштанд.

11 нафар хатмкунандагони барнома аз августи соли 2014 то моҳи январи соли 2015 дар ДИД таҳсил намуданд. Машғулиятҳо аз тарафи гурӯҳи байналмилалии омӯзгорон, ба монанди Александр Килиевич-дотсенти Академияи миллии идоракунии назди Президенти Украина; Заура Сидиқова-мутахасиси, ТҶ «SBDC машварат»,-и Бишкек; ва доктор Роман Могилёвский-роҳбари барномаҳои таҳқиқотии ДИДС- ДОМ. гузаронида шуданд.

Таҳсил бо забони русӣ гузаронида шуд. ДОМ шунавандагонро бо маводҳои зарурии таълимӣ, аз ҷумла  дастури амалии интишори  ДОМ “Таҳлили афзалиятҳо ва хароҷот» таъмин намуд. Ин аввалин дастури  нашри муаллифин бо забони русӣ оид ба татбиқи амалии усулҳои таҳлили афзалият ва хароҷот мебошад. Таҳлили афзалият  ва хароҷот – усули методологияи стандартӣ аст,  ки барои ҳисоб кардани  хароҷоти мақомоти марказӣ ва маҳаллии барномаҳо, лоиҳаҳо ва татбиқи сиёсати он   истифода бурда мешавад.

Ба хатмкунандагон Гувоҳнома оид ба такмили ихтисос дар соҳаи таҳлили сиёсати давлатӣ бо замима, ки дар он муфассал дар бораи  барномаи омӯзишӣ ва натиҷаи ба дастоварда, мувофиқи меъёрҳои Аврупоӣ тақдим карда шуд. Ҳаҷми ин барнома тибқи низоми ҳисобдорӣ ва ҷамъоварии кредитӣ Аврупо (ECTS) 25 кредитро  ташкил медиҳад.

«Курс дониши моро дар соҳаи таҳлили сиёсати давлатӣ хело баланд бардошт. Усулҳои таълими омўзгорон ба мо кӯмак намуданд, ки тамоми мавзӯъҳои омўхтаи назариявиро бо корҳои амалӣ амиқтар таҳлил намоем», – гуфт Суҳроб Ёқубзода, хатмкардаи барнома, Садори шўъбаи таҳлили Раёсати таҳлил ва ояндабинии иќтисодии  Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Барномаи таълимӣ дар соҳаи таҳлили сиёсати давлатӣ, ин як барномаест, ки дар доираи Ташаббус дар роҳи тадқиқот ва сиёсати давлатӣ ДИДС ДОМ, бо дастгирии Маркази байналмилалии тадқиқотҳои Рушди Канада (МБТРК) ва Намояндагии Хазинаи Оғохон дар Канада ташкил карда шудааст. Нашри дастури амалӣ «Таҳлили афзалият ва хароҷот» низ низ бо кӯмаки Ташаббус имконпазир гардид. Ташаббус барои мусоидат намудан ба равандҳои таҳия ва қабули қарорҳои стратегӣ дар Осиёи Марказӣ, тавассути баланд бардоштани маҳорати тадқиқотчиён дар минтақа, барои гузаронидани тадқиқоти мустақил ва васеъ намудани имкониятҳои мутахасисон, ки ба таҳияи сиёсати минтақа сару кор доранд, равона карда шудааст.

Дар соли 2015, барномаи омӯзишӣ идома дода мешавад, аз љумла дар : дар моҳи апрел дар Қирғизистон, моҳи май дар Тоҷикистон ва барои  хизматчиёни давлатии  Афғонистон  дар моҳи август амалӣ мегардад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Сохтмон

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон аз кадом ҳисоб рушд мекунад?

Сарфи назар аз пешгӯиҳои мусбат, шарикони рушд интизорӣ доранд, ки иқтисоди Тоҷикистон бо як қатор хавфу чолишҳо дучор мешавад.

Музокироти Эрон ва Амрико бидуни дастёбӣ ба созиш поён ёфт

Он беш аз 20 соат идома кард ва ҳарду кишвар дар мавриди бозгаштан ё нагаштанашон ба музокира изҳори назаре накарданд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Шарифҷон Ҳусейнзодаву Савригул Қурбонова то парвози нахустин инсон ба кайҳон

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.