Суғд: Панҷ узви фаъоли «Ҳизб-ут-Таҳрир» такроран маҳкум шуданд

Рӯзи 9 апрел суди шаҳри Хуҷанд нисбати панҷ нафар сокини вилояти Суғд – аъзои фаъоли созмони ифротгарои «Ҳизб-ут-Таҳрир», ки қаблан барои содир намудани ба ин монанд ҷиноят маҳкум шуда буданд, ҳукм содир намуд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз суди шахри Хуҷанд дар ин робита иттилоъ дод, се нафар аз маҳкумшудагон сокинони шаҳри Хуҷанд, як […]

Мавлуда Рофиева



Рӯзи 9 апрел суди шаҳри Хуҷанд нисбати панҷ нафар сокини вилояти Суғд – аъзои фаъоли созмони ифротгарои «Ҳизб-ут-Таҳрир», ки қаблан барои содир намудани ба ин монанд ҷиноят маҳкум шуда буданд, ҳукм содир намуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз суди шахри Хуҷанд дар ин робита иттилоъ дод, се нафар аз маҳкумшудагон сокинони шаҳри Хуҷанд, як нафар сокини шаҳри Чкаловск ва як нафари дигар зодаи шаҳри Исфара буда, синнашон аз 35 то 42-соларо ташкил медиҳад.

Суд онҳоро дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаҳо 307-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Ташкили иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ) гунаҳкор эътироф намуда, ба муҳлати аз 3 то 3,5 сол равонаи зиндон кард. Муҳлати ҷазоро маҳкумшудагон дар зиндони низомаш умумӣ адо мекунанд.

Ба иттилои манбаъ, маҳкумшудагон ба фаъолияти созмони ифротгарои «Ҳизб-ут-Таҳрир» дар қаламрави вилояти Суғд тақвият бахшиданӣ будаанд, зеро ба андешаи «Амир»-и ин ташкилот, солҳои ахир фаъолияти ин созмон дар минтақаи шимоли Тоҷикистон ғайриқаноатбахш гардида, бо ин мақсад ӯ ҷалби аъзои фаъоли қаблан маҳкумшуда ба ин корҳоро доштааст.

«Аз моҳи октябри соли 2013 то замони боздошт, 6 ноябри соли 2014 маҳкумшудагон ҳамроҳ 6 маротиба дар чойхонаву ошхонаҳои гуногуни шаҳр вохӯрии аъзои созмонро баргузор намуда, роҳу воситаҳои тақвият бахшидан ба фаъолияти созмон дар қаламрави вилоятро баррасӣ кардаанд», – гуфт манбаъ.

Созмони ифротгарои «Ҳизб-ут-Таҳрир» соли 1952 дар Фаластин таъсис дода шудааст. Ҳадафи он сарнагун кардани  сохти конститутсионӣ дар кишварҳои мусалмонӣ ва бунёди халифат аст. Дар аксари кишварҳо ин созмон ифротгаро эътироф гардидааст. Соли 2001 бо қарори Суди олии ҶТ фаъолияти созмони ифротгарои динии «Ҳизб-ут-Таҳрир» дар қаламрави Тоҷикистон мамнӯъ эълон гардид. Соли 2008 созмон ба рӯйхати ташкилотҳои ифротгаро шомил гардида, фаъолони он тибқи қонун мавриди пайгард қарор доранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Сохтмон

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2026

Аз даргузашти Раҳмон Набиев ва Ҷалол Икромӣ то Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории паркинсон

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.